Сафири тоҷик сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар Ҷопон "ифшо" кард

© ВУХ ҶТБоздиди Сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Акита
Боздиди Сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Акита - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Акитаи Ҷопон боздид карда дар бораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон маълумот додааст

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Сафири Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов рӯзи 18 июл аз Донишгоҳи Акитаи Ҷопон боздид намуда, бо президенти он профессор Фумио Ямамото мулоқот кардааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон хабар медиҳад.

Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷопон ба Тоҷикистон 90 адад мошини ёрии таъҷилӣ мефиристад

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот бо профессор Фумио Ямамото ҷонибҳо имконияти ба роҳ мондани робитаҳои мустақим бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи донишҷӯён ва олимони ҷавонро баррасӣ намуданд.

Табибони Хатлон дар Ҷопон таҷрибаомӯзӣ карданд

Пас аз мулоқот сафир дар назди ҳайати муҳаққиқону донишҷӯёни донишгоҳ бо маърӯза дар мавзӯи "Сиёсати хориҷии дарҳои кушодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва робитаҳои дипломатии кишвар бо Япония” суханронӣ  кардааст.

Қаноатмандии раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷопон аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон

Пештар хабар дода шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷопон созишномаи грантиро ба имзо расониданд, ки тибқи он ҷониби Тоҷикистон аз кишвари Ҷопон 90 адад мошини ёрии таъҷилиро ба маблағи 7 миллион доллар дарёфт мекунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала