Икромӣ: Қарзи Толиб Айёмбеков дар назди “Амонатбонк” 177 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст

Обуна шудан
Раиси “Амонатбонк” гуфтааст, Ёдгор Мамадасламов яке аз афроди таъсиргузор дар вилояти Бадахшон қарзҳояшро пурра дар назди бонк баргардонд, аммо қарзи дигар Толиб Айёмбеков, ки ӯ ҳам яке аз афроди таъсиргузор дар вилояти Бадахшон ба ҳисоб меравад дар ҳаҷми 177 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, Ёдгор Мамадасламов, қарзҳояшро дар назди бонк пурра пардохт намудааст.

Ҳамин тавр, Ёдгор Мамадасламов, собиқ фармондеҳи мухолифин дар Бадахшон, ки ҳанӯз соли 2008-ум аз ин бонк 350 ҳазор сомонӣ гирифта буд, қарзашро пурра баргардондааст.

Инчунин, вай афзуд, ки қарзи Толиб Айёмбеков, яке аз афроди таъсиргузор дар вилояти Бадахшон дар назди “Амонатбонк” коҳиш ёфтааст.

Руҳулло Ҳакимзода, раиси Амонатбанка - Sputnik Тоҷикистон
Раиси “Амонатбонк” гуфт, Толиб Айёмбеков қарзҳояшро пардохтааст

“Ду нафар, беш аз 9 сол пеш қарз гирифта буданд. Як нафари онҳо Ёдгор Муҳамадсаломов сад дар сад қарзашро пушонд. Қарзи Толиб Айёмбеков 177 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст, аммо ӯ тарабхонае дорад, ки арзишаш 800 ҳазор сомонӣ аст ва ҳоло дар амволи гарав аст. Яъне ин қарз таъмин аст, ҳоло корбарӣ рафта истодааст”, - қайд намуд Икромӣ.

Иқрори раис: таъини хешу табор ва ришваситонӣ дар Бадахшон ҳам зиёд аст

Вай илова кард, ки худи Толиб Айёмбеков ва падари ӯ аз ин қарз огоҳ ҳастан ва барои пардохти он  саркашӣ низ намекунанд.

“Агар онҳо имконият пайдо кунанд қарзро пардохт мекунанд”, - гуфт раиси “Амонатбонк”.

Ёдрас мешавем, ки қарзи умумии Толиб Айёмбеков 455 ҳазор сомонӣ буд. 

Руҳулло Ҳакимзода, раиси "Амонатбонк", гуфта буд, ки Толиб Айёмбеков, собиқ фармондеҳи мухолифин дар Бадахшон қарзашро ба ин бонки давлатӣ пурра баргардонд ва феълан танҳо пардохти фоизҳо мондааст.

Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Толиб Айёмбеков маблағи умумии қарзашро, ки 455 ҳазор сомонӣ буд, пурра супорид ва танҳо фоизи қарзҳояш мондааст.

Раиси "Амонатбонк" ҳаҷми фоизи қарзҳои Айёмбековро 329 ҳазору 310 сомонӣ арзёбӣ карда буд.

Раиси “Амонатбонк” гуфт, Толиб Айёмбеков қарзҳояшро пардохтааст

Дар ҳамин ҳол масъулини “Амонатбонк”, зикр карданд, ки яке аз вазифаҳои асосии бонк пешниҳоди қарз аст. Агар ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод намояд, арза супорад ва амволи гарав пешниҳод намояд ҳуқуқи гирифтани қарз дорад. Шаҳрванди хориҷӣ наметавонда қарз бигирад.

Лентаи хабарҳо
0