Робитаҳои бародаршаҳрӣ: Раҳмону Жээнбеков музокироти марзиро ҷамъбаст карданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПереговоры президентов Таджикистана и Кыргызстана в Чолпон-Ата
Переговоры президентов Таджикистана и Кыргызстана в Чолпон-Ата - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки робитаҳои бародаршаҳриро миёни шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишварҳояшон барпо намоянд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғзистон мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сооронбой Жээнбеков доир гардидааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарони ду давлат натиҷаҳои музокиротро, ки қабл аз ин дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон дар фазои эътимоди комил, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид, инчунин мулоқот бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҷамъбаст кардаанд.

Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, самтҳои афзалиятноки таъмиқи минбаъдаи онҳоро муайян намудаанд.

Дар ин музокирот, Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков ба мувофиқа расидаанд, ки ҷиҳати афзоиши гардиши мутақобилаи мол чораҳои зарурӣ андешида, ба роҳандозии робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории бузург ва миёнаву хурд, ки нишондиҳандаи сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд, мусоидат намоянд.

Переговоры президентов Таджикистана и Кыргызстана в Чолпон-Ата - Sputnik Тоҷикистон
Музокироти Раҳмон ва Жээнбеков дар Чолпон-Ота

Ҳамчунин мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифта, амалҳои муштараки минбаъда дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба муайян карда шудаанд.

Котиботи Раҳмон мегӯяд, дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои масъалаҳои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар арсаи обу энергетика мавриди баррасӣ қарор доштаанд.

"Қайд гардид, ки ба кор андохтани иқтидорҳои гидроэнергетикии ҷонибҳо бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа барои Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳаммияти фарогир дорад", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин, ҷонибҳо изҳори итминон намудаанд, ки татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоқикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор – 2030 ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки берун аз миқёси он такони мусбат хоҳад бахшид.

Президенты Таджикистана и Кыргызстана Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Иғво накунед: тафсилоти суҳбати Раҳмон ва Жээнбеков бо сокинони наздимарзӣ

Раҳмон ва Жээнбеков масоили марзиро дар Қирғизистон баррасӣ мекунанд

Ба гузориши манбаъ, аҳаммияти таҳкими эътимод миёни мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус дар минтақаҳои наздсарҳадӣ, ба таври хосса таъкид карда шудааст.

"Зарурати ба роҳ мондани амалияи  мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак, иштироки ҷонибҳо дар консертҳо ва фестивалҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, варзиш ва сайёҳӣ қайд карда шуд", -омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки бо мақсади фаъол гардонидани ҳамкориҳо миёни минтақаҳои ду кишвар Тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки робитаҳои бародаршаҳриро миёни шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишварҳояшон барпо намоянд.

Лентаи хабарҳо
0