Акси Зеленский дар пляж корбарони интернетро ба хашм овард

Обуна шудан
То ин дам акси Зеленскийро 1,3 миллион кас боздид кардааст

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Президенти Украина дар Instagram акс аз пляжро нашр кардааст, ки боиси хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.

"Мо. Дар ҳама ҷо. Посбонон. Дар ҳамаи ҷо аз рамкаи вижаи тафтишотӣ мегузарем, дар пляж ҳам. Дар пасманзар дида мешавад, чӣ гуна ҷосусон "офтоб" мехӯранд. Истироҳати хуш", - навиштааст Зеленский.

Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон
Рафтори "номуносиб"- и Владимир Зеленский ба навор афтод - видео

Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери ин акс рамзи хашмгиниро гузоштаанд. Онҳо мегӯянд, президент замоне, ки дар дохили кишвараш ҷанг аст, роҳат мекунад. 

Зеленский вазири дифоъро тела дод - видео : шарҳи котиботи президент

Вале гурӯҳи дигаре ин амали Зеленскийро дастгирӣ карда навиштаанд, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад истироҳат кунад.

Ман ҷиддӣ мегӯяму шумо механдед: посухи Путин дар бораи Зеленский ҳамаро хандонд - Видео

То ин дам акси Владимир Зеленский президенти Украинаро дар пляж, 1,3 миллион кас боздид кардааст.

Лентаи хабарҳо
0