Раҳмон хоҳиши Раббонӣ дар мавриди таҳвили зиндониёнро иҷро кард - акс

© сафорати Афғонистон дар ТоҷикистонИнтиқоли 80 зиндонӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон
Интиқоли 80 зиндонӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 80 зиндонии афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Ватан таҳвил ёфтанд

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Фаҳими Кӯҳдоманӣ, масъули ин сафорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин зиндониён дар маҳбасҳои мухталифи Тоҷикистон умдатан бо ҷурмҳои қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз зиндонӣ буданд ва субҳи рӯзи якшанбе, 28 июл, ба Афғонистон мунтақил шуданд.

Зиндон дар Гуантанамо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зиндони Гуантанамо: шаҳрванди Тоҷикистон ба Сербия интиқол дода шуд

“Иҷроӣ шудани мувофиқатномаи истирдоди муҷримин миёни Афғонистон ва Тоҷикистон дар пайи мулоқоти ахири Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷаи Афғонистон бо Эмомалӣ Раҳмон,   раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ба иловаи Ҷопон сурат гирифтааст. Салоҳуддин Раббонӣ хостори иҷроӣ шудани мувофиқатномаи истирдоди муҷримин миёни ду кишвар ва интиқоли зиндониёни атбои кишвари мо ба Афғонистон гардида буд”, - иттилоъ дод Кӯҳдоманӣ.

© Сафорати Афғонистон дар ТоҷикистонИнтиқоли 80 зиндонӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон
Раҳмон хоҳиши Раббонӣ дар мавриди таҳвили зиндониёнро иҷро кард - акс - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли 80 зиндонӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Ӯ афзуд, ки оқои Эмомалӣ Раҳмон низ бо истиқбол аз ин дархости вазири умури хориҷаи Афғонистон, дастури фароҳам гардидани тасҳилоти лозим аз сӯи давлати ин кишвар дар заминаи интиқоли маҳбусинро доданд.

Зиндонёни Афғонистон, ки дар Тоҷикистон зиндонӣ буданд, мӯҳлати маҳкумияти худро дар кишвари худ идома хоҳанд дод.

Тибқи иттилои сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, то ин замон ҷамъан 214 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон зиндонӣ буданд, ки бо интиқоли 80 тан теъдодашон ба 134 тан мерасад.

“Умедворем бо рӯҳияи дӯстона, ки миёни ду давлат ва ду миллат вуҷуд дорад, мо боқии зиндониёнро низ ба зиндонҳои дохили кишвар мунтақил кунем, то хонаводаҳо ва ақорибашон битавонанд ба осонӣ ҳар аз гоҳе маҳбусини худро дидан намоянд” – афзуд Кӯҳдоманӣ.

Қаблан Афғонистон 8 зиндониро ба Тоҷикистон таслим карда буд, ки гуфта мешуд, теъдоди умумии зиндониёни тоҷик дар он кишвар буд.

Лентаи хабарҳо
0