Музаффаров: дар ВМКБ ба маблағи 3 миллион сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ шуд

Нишасти матбуотии Вазорати тандурустии ВМКБ
Нишасти матбуотии Вазорати тандурустии ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Музаффаров Фарид, сардори Раёсати тандурустии ВМКБ дар назди намояндагони васоити ахбори омма гузориш додааст

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Сардори Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Музаффаров Фарид зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони расонаҳо изҳор доштааст, ки Раёсати тандурустии вилоят бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон беҳбуд гардида истодааст.

Бино ба иттилои Музаффаров, соли ҷорӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва мақомоти ВМКБ ба хусус раиси вилоят Ёдгор Файзов Раёсати тандурустии вилоят соҳиби 671 адад таҷҳизоти тиббӣ бо маблағи 465 ҳазору 953 сомонӣ шудааст.

Поммершайм ба мардуми ВМКБ 4 “Тойота”-и тиббӣ дод - акс

Ҳамчунин моҳи апрел 365 адад таҷҳизоти тиббӣ бо 2 млн 173 ҳазору 472 сомонӣ, моҳи майи соли ҷорӣ як маҷмӯи иловагии таҷдидшаванда ба маблағи 6771, 9 сомонӣ, моҳи июл як адад дастгоҳи рентгении сайёр бо маблағи 209 ҳазору 500 сомонӣ, ки дар маҷмӯъ 2 млн 855 ҳазору 696 сомониро ташкил медиҳад, дастрас гардидааст.

Нигаронии Олимзода аз фасодзадагии Хатлон ва таҳдид ба барканории масъулин

Сардори Раёсат афзуда, ки  бо дастгирии ЮНИСЕФ барои ноҳияи Дарвоз 20 адад таҷҳизоти тиббӣ бо маблағи 343 ҳазор сомонӣ, барои ноҳияи Мурғоб 29 адад бо маблағи 377 ҳазор сомонӣ ва барои ноҳияи Ишкошим 23 адад бо маблағи 355 ҳазор сомонӣ, ки дар маҷмӯъ 1 млн 075 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дастрас гардидаанд.

Вазир баъди паём: табибон набояд нобоварии мардум ба Ҳукуматро ба миён оранд

Лентаи хабарҳо
0