Қарори раиси Душанбе барои ташкили ҷашнвораи тобистона

© Sputnik / Амир ИсаевВодопад в Наврузгох, архивное фото
Водопад в Наврузгох, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки рӯзҳои 17 ва 18 август дар пойтахт Ҷашнвораи тобистона баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Рустами Эмомалӣ дар қарораш ҳадафи баргузории Ҷашнвораи тобистонаро, муаррифӣ намудани симои сайёҳии кишвар ва фароҳам овардани имконият барои фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт арзёбӣ кардааст.

Первый московский музыкальный фестиваль “Станция Душанбинская” - Sputnik Тоҷикистон
Аввалин ҷашнвораи мусиқии "Истгоҳи Душанбе" дар пойтахти Русия

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Ҷашнвораи тобистонаи Душанбе рӯзҳои 17 ва 18 августи соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт баргузор карда шавад.

Шаҳрдори Душанбе, муовинони худ ва раисони навоҳии пойтахтро муваззаф кардааст, ки чорабиниҳои марбут ба ҷашнвораро саривақт иҷро кунанд.

Раёсатҳои умури дохилӣ ва амнияти миллӣ, хадамоти оташнишиноӣ ва тандурустию санитарӣ дастур гирифтаанд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, барқ, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ”, бехатарии зиддисӯхтор, сифати маҳсулоти воридшуда ва риояи талаботи санитарию гигиенӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Лентаи хабарҳо
0