Супориши Раҳмон ба Озода барои пурзӯр кардани назорат аз болои кори мансабдорон

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба Дастгоҳи иҷроияи Президент супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Рӯзи 29 июл таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин ҷаласаЭмомалӣ Раҳмон ба дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Озода Раҳмон ба уҳда дорад, дастур додааст, ки назоратро аз болои масъулин пурзӯр кунанд. 

"Ба Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода шуд, ки назоратро ба ҷараёни иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бахшида ба таҷлили 30-солагии истиқлол ва супоришҳои роҳбари  давлат дар вақти сафарҳои дохиливу хориҷӣ аз ҷониби масъулин ва сохторҳои марбут пурзӯр намояд", - омадааст дар хабарнома.

Маҷлиси ҳукуматӣ. 26.05.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Аз вазирон то Расулзода гузориш доданд: Раҳмон маҷлис барпо кард

Тибқи гузориши манбаъ, дар маҷлиси навбатии Ҳукумат, пас аз муҳокима тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Аъзои Ҳукумат, инчунин масъалаҳои вобаста ба Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои рӯзмарраро баррасӣ намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашнҳои муҳими давлатӣ, хусусан ҷашни 30-солагии Истиқлол ҷалб карда, таъкид намудааст, ки роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои нақшаҳои бунёдкориву ободонӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда ва босифат вазифадор мебошанд ва бояд ин тадбирҳоро бо масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба анҷом расонанд.

Лентаи хабарҳо
0