Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Муборак: як қадами дигар то қаҳрамонӣ

© акс аз сомонаи ФФТТими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол
Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон
Футболбозони навраси тоҷик дар бозии навбатӣ бо тими Эрон низ дастболо шуданд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии сеюми худ дар доираи Қаҳрамонии кишварҳои узви Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ миёни футболбозони 16 сола бар Эрон пирӯз шуданд.

Сборная Таджикистана по футболу выступает в Петербурге - Sputnik Тоҷикистон
Ғалабаи дуюми футболбозони тоҷик дар Қаҳрамонии CAFA-2019

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 3-0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".

Қаҳрамонии CAFA-2019: мунтахаби Тоҷикистон бо тими Эрон вориди сабқат мешаванд

Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро  Кабир Салимшоев (2 гол) ва Сунатулло Азизов (1 гол) ба самар расониданд.

Бозии ояндаи худро Тоҷикистон бо Афғонистон санаи 1-уми август доир мекунад. Маврид ба зикр аст, ки барои наврасони тоҷик танҳо як имтиёз лозим аст то ин ки дар мусобиқаи мазкур қаҳрамон шаванд.

Бозии ҳалкунанда: Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ имрӯз вориди майдон мешаванд

Бозии дигар байни тимҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ба суди яккачини Ӯзбекистон хотима ёфт.

Дар айни замон мунтахаби кишвар бо касби 10 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала