Трамп ба Путин занг зад: сӯҳбати телефонии президентҳо

© AP / Mikhail KlimentyevРабочий визит президента РФ В. Путина в Японию для участия в саммите "Группы двадцати"
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Японию для участия в саммите Группы двадцати - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сӯҳбати телефлонии раисҷумҳурони Русия ва Вашингтон бо ташабусси Доналд Трамп сурат гирифтаст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бар хабари дафтари матбуоти президенти Русия, раисҷумҳурони ду кишвар Владимир Путин ва Доналд Трамп сӯҳбати телефонӣ доштанд.

Рабочий визит президента РФ В. Путина в Японию для участия в саммите Группы двадцати - Sputnik Тоҷикистон
Трамп гуфт Путин "бачаи зӯр" аст

Дар Кремл изҳор доштанд, ки сӯҳбати роҳбарони ин ду кишвари абарқудрат бо ташаббуси президенти Амрико  сурат гирифт.

Трамп Путинро ба сӯи худ кашид: дидори кишвардорон дар нишасти G20 - видео

Қайд мешавад, ки зимни гуфтугӯи телефонӣ, президенти Амрико Доналд Трамп ба роҳбари Русия дар мубориза бар зидди сӯхтори ҷангалҳо  дар Сибир кӯмак пешниҳод намудаст.

Зикр мегардад, ки президент Путин дар ҷавоб аз Трамп барои пешниҳоди кӯмак ва дастгирӣ изҳори сипос намудаст.

Путину арӯсон, бӯсаи Трамп, Медведев бо сайёҳон: 15 селфии машҳури сиёсатмадорон

Ёдовар мешавем, ки гуфтушунидҳои охирини раисҷумҳурони Русияву  Амрико Владимир Путин ва Доналд Трамп дар  Ҷопон дар доираи нишасти G 20 баргузор шуда буд.

Он замон сӯҳбати сарони ду давлат як соату 20 дақиқа идома ёфт. Дар ҷараёни мулоқот раисҷумҳурон вазъи Украинаву Сурия ва ҳамчунин Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Трамп ба хотири мулоқот бо Путин таҳрими “бераҳмона” бар зиди Русияро қатъ кард

Гузашта аз ин масъалаи суботи стратегии ҷаҳонро низ мавриди баҳс қарор дода буданд.

Лентаи хабарҳо
0