Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ муайян шуд

© акс аз сомонаи ФФТТими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол
Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби Тоҷикистон аз миёни 110 кишвари дунё дар раддабандии ҷаҳонӣ ҳамоно дар мақоми 70-ум қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон мавқеашро дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонӣ, ки 1-уми август дар сомонаи futsalworldranking.be нашр шудааст, нигаҳ дошт ва дар байни 110 кишвар бо 845 имтиёз дар ҷойгоҳи 70-ум қарор гирифтааст.

Сборная Таджикистана по футболу выступает в Петербурге - Sputnik Тоҷикистон
Ғалабаи дуюми футболбозони тоҷик дар Қаҳрамонии CAFA-2019
Дар феҳристи нави ҷаҳонӣ мунтахаби футзали Бразилия бо 1876 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст.

Мессиро муҷозот ва 1,5 ҳазор доллар ҷарима бастанд

Испания бо 1763 имтиёз дар зинаи дувум ва Эрон бо 1663 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Осиё мақоми 17-умро соҳиб шудааст.

Марг дар майдон: дарвозабон бо синааш тӯбро баргардонду дар майдон ҳалок шуд - Видео

Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1663 имтиёз дар зинаи 3-юм) қарор дорад.

Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 14-ум, 1388 имтиёз) ва Ӯзбекистон севум (дар ҷаҳон 28-ум, 1187 имтиёз) мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0