Абдуллоҳ Раҳнамо 5 сабаби муҳим будани сулҳи Афғонистон барои Тоҷикистонро гуфт

© Aleksandr Khrolenko Будничный Кабул
Будничный Кабул - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуллоҳи Раҳнамо, мушовири мудири Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки сулҳ ва субот дар Афғонистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба таври расмӣ яке аз самтҳои асосӣ ҳисоб мешавад

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Абдуллоҳ Раҳнамо, ахиран зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон яке аз раҳбаронест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ дар тамоми суханрониҳо ва мавқеъгириҳои худ масъалаи сулҳ ва субот дар Афғонистонро таъкид мекунад ва инро дар дохили Афғонистон ҳам хуб медонанд ва эҳтиром мекунанд.

Овощи на экономической выставке-ярмарке СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон
Харидорони асосии сабзавоти Тоҷикистон кадом давлатҳоянд?

 “Агар паёми охири президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеши рӯ биёрем дар он ҷо ҳатто ҳамин гуна як ҷумлаи дақиқи тоҷикӣ ҳаст, ки сулҳ дар Афғонистон барои мо чун обу ҳаво зарур аст. Маънои ин ҷумла чунин аст, ки сиёсати хориҷии мо ба ин равона шудааст, ки дар Афғонистон бояд сулҳ фаро расад ва ин чанд сабаб дорад, ки бархе аз онҳо зиёд гуфта мешавад ва бархеи дигар камтар зикр мешаванд”, - изҳор дошт Раҳнамо.

Ӯ тавзеҳ дод, сабаби якум ин, ки мо ҳамчун ҳамсоя ҷонибдори сулҳ дар он ҷо ҳастем.

“Дуюм, аз назари сирф инсонӣ ин фоҷиа дар пеши назари мо 40 сол ба ин сӯ идома дорад, мо наметавонем бетараф бошем. Сеюм, аз назари арзишҳои таърихиву тамадддуние, ки мо бо Афғонистон дорем ва дарди ин мардум ҷузъе аз дарди мо ва дарди фарҳангу тамаддуни мо аст. Чорум, аз нигоҳи амниятӣ идомаи буҳрони Афғонистон ҳамеша ҳолати амниятии минтақа ва ҷумҳурии моро дар хатар нигоҳ медорад. Панҷум, аз назари иқтисодӣ ҳар рӯзи идомаи буҳрон дар Афғонистон ба иқтисоди Осиёи Марказӣ миллионҳо доллар зарар меорад ва ҳамаи пружаҳои иқтисодии энергетикӣ, аз қабили интиқоли газу барқ ва нафт, роҳҳои оҳану заминӣ ва ғайра, интизори он ҳастанд, ки дар Афғонистон сулҳу субот ояд” – шарҳ дод Раҳнамо.

Вай афзуд, мавқеи мо дар нисбати сулҳи Афғонистон ҳам ҷанбаи инсонию фарҳангӣ дорад, ҳам иқтисодӣ, аз ҳамин назарҳо дар ҳақиқат сулҳ дар Афғонистон барои рушди иқтисодии мо ҳам зарур аст, вақте мегӯем чун обу ҳаво зарур аст, маҷмӯи ҳамин омилҳо дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0