Пешакӣ маслиҳат мекардаанд: Дарвозабони маъруфи тоҷик абадан аз футболи касбӣ ронда шуд

© © FK IstiklolТаджикский вратарь Абдуазиз Махкамов
Таджикский вратарь Абдуазиз Махкамов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи интизомии Конфедератсияи футболи Осиё чор футболбоз, аз ҷумла дарвозабони тими милии Тоҷикистон, Абдуазиз Маҳкамовро абадан аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои касбии футбол маҳрум кардааст

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Тибқи иттилои Конфедератсияи футболи Осиё ин тасмим ба иштироки Маҳкамов дар бозиҳое рабт дорад, ки анҷомашон пешакӣ маслиҳат мешудааст.

Футбольный клуб Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Сабқат барои Ҷоми конфедератсияи Осиё: “Хуҷанд” тими “Истиқлол”-ро шикаст дод

Абдуазиз Маҳкамов, дарвозабони тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол қаблан дар ҳайати дастаҳои “Хуҷанд” ва “Парвоз” бозӣ мекард. Ӯ аз соли 2016 инҷониб дар ҳайати дастаи “Алай”-и шаҳри Оши ҷумҳурии Қирғизистон ҳунарнамоӣ дошт. Маҳкамов дар ҳайати "Алай" ду бор қаҳрамони Қирғизистон шуда буд.

Кумитаи интизомӣ дар баробари Маҳкамов инчунин Владимир Веревкин ва Илёс Алимовро барои маслиҳати пешакӣ ва таъсир ба натиҷаи бозиҳои тими “Алай” дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар мавсимҳои 2017 ва 2018 гунаҳкор донистааст.

Инчунин Курсанбек Шератов низ дар маслиҳати пешакӣ барои таъсир ба натиҷаи бозиҳои тими “Дордой”-и шаҳри Бишкек гунаҳкор дониста шудааст. Ба иттилои Кумитаи интизомӣ Шератов маслиҳатҳои қаблиро дар мавсими соли 2017 ҳангоми бозиҳои тими “Дордой” дар Ҷоми КФО анҷом додааст.  Ҳадафи ин футболбоз аз маслиҳатҳои пешакӣ дастгирии маблағгузориҳои букмекерӣ будааст.

 

Лентаи хабарҳо
0