Низомиёни Чин барои машқ вориди Тоҷикистон мешаванд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар тамриноти низомии муштарак як гурдони сарбозони қаториву рутбадори Вазортаи мудофиаи Тоҷикистон ва як вашти артиши Чин иштирок хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Сарбозони Чин бо худравҳои зиреҳпӯш ва силоҳу аслиҳаи худ барои иштирок дар машқҳои низомии муштарак вориди хоки Тоҷикистон мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Тавре Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон иттилоъ додааст, тамринҳои низомии артиши Тоҷикистону Чин аз 8 августи соли равон шурӯъ шуда то 11 август дар минтақаи Ишкошими ВМКБ идома хоҳад ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбӣ дар дараи Ромит - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбӣ дар дараи Ромит

Дар тамринҳои муштараки мазкур як гурдони сарбозони Вазорати дифои Тоҷикистон ва як вашти артиши Чин иштирок хоҳад кард.

Дар машқҳои мазкур низомиёни ду кишвар амалҳои муқовимати муштарак  ҳангоми ворид шудани террористон аз хоки Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба Чинро тамрин хоҳанд кард.  

Дар тамринҳои мазкур неруҳои ҳавоӣ, тонку туп ва дигар намуди аслиҳа истифода хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки тамринҳои низомии зиддитеррористии муштарак миёни низомиёни  Тоҷикистону Чин дар моҳи июни соли 2015 анҷом ёфта буд.

Инчунин, моҳи октябри соли 2016 низомиёни ду кишвар дар ВМКБ амалиёти махсус барои омодагии низомӣ анҷом дода буданд.

Лентаи хабарҳо
0