Бонки рушди АвруОсиё ба Тоҷикистон барои хариди Локомотивҳо кумак хоҳад кард

© Министерство транспорта в РТПоезд в Таджикистане, архивное фото
Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини Бонки рушди АвруОсиё аз ихтисоси қарзи молии 40 миллион долларии ин ниҳод ба Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Амонгулдӣ Исоев дар як нишасти хабарӣ бо хабарнигорони кишварҳои узви ин бонк (Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон) аз ихтисоси қарзи молии 40 миллион долларии ин ниҳод ба Тоҷикистонро хабар дод.

Тоҷикистон аз Бонки рушди АвруОсиё 40 миллион доллар “кредит” мегирад

Вай гуфтааст, ки ахиран миёни мақомоти Бонки рушди АвруОсиё, ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ожонси давлатии содироти Қазоқистон (KazakhExport) созишнома, хариди локомотивҳои нав барои роҳи оҳани Тоҷикистон ба маблағи 40 миллион доллар имзо шуд.

Обанбори Норак - Sputnik Тоҷикистон
Бонки АвруОсиё дар барқарорсозии НБО Роғун маблағгузорӣ мекунад

Ҳамчунин вай афзуд, ки чанд тарҳи ироашуда ба Бонки рушди АвруОсиё аз сӯи Тоҷикистон барои таъмини эътибороти молӣ дар мудирияти ин бонк дар дасти баррасӣ аст.

Ин тарҳҳо барои сармоягузорӣ дар бахшҳои энержӣ ва кишоварзии Тоҷикистон ироа шудааст, ки ниёз ба таъмини эътибороти молӣ аз сӯи Бонки рушди АвруОсиё доранд.

Русия боз Тоҷикистонро ба Иттиҳоди АвруОсиё даъват кард

Дар ҳоли ҳозир мизони сармояи аввалияи Бонки рушди АвруОсиё, ки кишварҳои   Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон муассиси он ҳастанд беш аз 7 миллиард доллар аст.

Лентаи хабарҳо
0