Дар арафаи Иди Қурбон беш аз ҳазор зиндонӣ авф мешаванд

© Sputnik / Александр Полегенько / Гузариш ба медиабонкМусульманин в мечети, архивное фото
Мусульманин в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар арафаи Иди Қурбон беш аз ҳазор маҳбус авф хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Роҳбарони аморатҳои гуногун, ки ба тобеияти Аморати Муттаҳидаи Араб шомил мешаванд, тасмим гирифтаанд, дар арафи Иди Қурбон гуноҳи беш аз ҳазор маҳбусонро бахшанд ва онҳоро мавриди авф қарор диҳанд, хабар медиҳад ожонсии иттилоотии WAM.

Танҳо дар Дубай 430 зиндонии милллатҳои гуногун ва  дар Шарҷа бошад ба озодӣ баромадани 400 маҳбуси дигар дар назар аст. Ҳамзамон 208 зиндонӣ аз маҳбасхонаи аморати Рас-ал- Хайма ва 70 тани дигар дар Аҷмон ба озодӣ мебароянд.

Қаблан хабар дода шуд, ки президенти Аморати  Муттаҳидаи Араб  Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён ба муносибати Иди Қурбон 669  нафар маҳбусро афв намуд.

Амнистированные заключенные Вахдатской колонии - Sputnik Тоҷикистон
Президент бори аввал дар арафаи Истиқлолият 250 зиндониро авф кард

Ба гуфтаи додситони олии Аморати Муттаҳидаи Араб Ҳамадал ал-Шамсӣ, мавриди авф ҳамчунин маҳбусоне қарор гирифтанд, ки барои терроризм ва ифротгароӣ зиндонӣ шуда дар муассисаҳои махсуси ислоҳӣ адои ҷазо намуда буданд.

Раисҷумҳур бахшида ба иди саиди Фитр беш аз 200 маҳбусро авф кард

Маврид ба зикр аст, ки имсол  мусалмонони  тамоми дунё санаи 11- уми август Иди Қурбонро ҷашн мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0