Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Кадом оилаҳо ҳуқуқ доранд аз Ҳукумати Тоҷикистон кӯмакпулӣ гирад?

© © Sputnik / Стас ЭтвешСомони в конверте, архивное фото
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, кадом оилаҳо ҳуқуқ доранд кумаки унвонии иҷтимоӣ гиранд ва барои гирифтани он бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Кумаки унвонии иҷтимоӣ - ин шакли нави пардохти кумакпулии иҷтимоӣ буда, тариқи нақдӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоате, ки дар ҳудуди яке аз шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ истиқомат мекунанд, таъйин ва пардохт карда мешавад.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, он оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд,  ки дар муносибатҳои хешутаборӣ қарор дошта, якҷоя зиндагӣ карда, рӯзгори муштаракро пеш мебаранд ва некӯаҳволии онҳо ба талаботи меъёрҳое, ки дар Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат муқаррар гардидааст, мувофиқат мекунад.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Суғд ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 704 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ медиҳад

Шаҳрвандоне, ки худро камбизоат мешумо­ранд, барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба унвони шӯъба-бахш ё раёсати ноҳиявии (шаҳрии) Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ   ариза навишта, онро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ҷамоати деҳот ё шаҳр ва ё идораи коммуналӣ-истифодабарии манзилӣ ё кумитаи худидораи маҳалли ҷойи истиқомат  месупоранд.

Барои таъйини кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:

  • ариза;
  • нусхаи шиносномаи аризадиҳанда (асли шиноснома ҳангоми супур­дани ариза нишон дода мешавад);
  • маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва ҷойи истиқомат;
  • маълумот дар  бораи даромад  ва молу амволи ҳамаи аъзои оила.

Ариза дар бораи таъйин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат ва маълумот дар  бораи даромад  ва  молу мулки ҳамаи аъзои оила бо имзои раис ё котиби ҷамоати шаҳрак ё деҳот ва сардори идораи манзилию  коммуналӣ тасдиқ карда мешавад, ки дар доираи салоҳияти худ саҳеҳии маълумоти пешниҳодшударо месанҷанд ва ба дурустии онҳо масъул мебошанд.

Пули сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон камбизоатонро муайн намуда, кӯмакпулӣ медиҳанд

Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои манзилию коммуналӣ  ва  кумитаҳои маҳаллӣ аризаҳои шаҳрвандонро бо замимаҳояш  қабул намуда, дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз  ба  мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ месупоранд.

Мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ ариза ва маълу­мот­нома дар бораи ҳайати оила, маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила ва мушаххасоти шиносномаи аризадиҳандаро барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некӯаҳволии оила дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз ба махзани ягонаи маълумоти низоми иттилоотии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ворид менамояд.

Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумот дар сервери марказии низоми иттилоотии барномаи кӯмаки унвонӣ иҷтимоӣ (Барномаи компютерӣ ) тибқи талаботи Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат таъйин ё рад карда мешавад.

Агар сатҳи некӯаҳволии оила (шаҳрвандон) ба меъёру  муқаррароти дар Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пешбинишуда ҷавобгӯ набошад, кӯмаки  унвонии  иҷтимоӣ  таъйин  карда намешавад.

Оқибати ярч. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барои қурбониёни офати табиӣ аз фонди президент кӯмакпулӣ ҷудо шуд

Қарор дар бораи таъйин ё рад намудани  кӯмаки  унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумоти ба махзани ягонаи низоми иттилоотии барномаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ воридшуда то санаи 10 моҳи оянда қабул гардида, дар ин хусус  мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ дар муддати 10 рӯз ба аризадиҳанда хабарномаи хаттӣ ва ё электронӣ (паёмак) ирсол менамояд.

Маблағгузории кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат дар нимсолаи аввали  соли 2019, 15201700 сомонӣ мебошад. Иҷроиши барномаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар маҷмӯъ 16073 562,07 сомониро ташкил медиҳад.

Андозаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ барои як оила (шаҳрванд) дар як  сол  400 сомониро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 100 сомонӣ пардохт карда мешавад.

Кӯмакпулӣ ба мӯҳлати 12 моҳ таъйин ва пардохт карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала