Қарори махсуси Аҳмадзода барои рушди кишоварзӣ ва савдои деҳқонон

© © SputnikПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ қарори махсусро имзо кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, қарори Аҳмадзода дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ рӯзи 8 август ба имзо расид.

Сборщицы хлопка - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд барои ҷамъоварии пахта Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таъсис дод

Манбаъ афзуд, ки нақшаи мазкур чорабиниҳои пешбинишуда барои солҳои 2019-2021 дар вилояти Суғдро дар бар мегирад.

“Нақшаи чорабиниҳо аз 19 банд иборат буда, ниҳодҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои чорабиниҳо вазифадор карда шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раиси вилояти Суғд таъкид намуд, ки нақшаи тасдиқшуда то соли 2021 ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ равона гардида, барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди корҳои селексионӣ, бештар намудани содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар тадбирҳои заруриро фаро мегирад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала