Изҳороти Медведов дар бораи қазияи Отамбоев

Обуна шудан
Сарвазири Русия Дмитрий Медведев, ба хотири иштирок дар нишасти Шӯрои байнидавлатии АвруОсиё феълан дар Қирғизистон қарор дорад

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев изҳор намудааст, ки вазъияти феълии Қирғизистон, кори дохили худи ҷумҳурӣ аст.

"Аммо мо бепарво буда наметавонем, зеро Қирғизистон шарики асосии мост, дӯстони мо дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, ин узви Иттиҳоди АвруОсиё, узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аст", - гуфт Медведев ҳангоми ворид шудан ба Қирғизистон ба хабарнигорон.

Ба изҳори Медведев, Маскав аз тамоми руйдодҳое, ки дар дар ин авохир дар Қирғизистон сар задаанд, бохабар аст ва бодиққат мушоҳида мекунад.

"Хуб намушавад, агар ин гуна ҳодиса боиси ноустувории сиёсӣ дар Қирғизистон гардад ва чунин омил бешубҳа ба костагии иқтисодиёти кишвар оварда мерасонад. Дар натиҷа аз чунин вазъияти ба амал омада шаҳрвандони ин кишвар азият мекашанд", - илова намудаст Медведев.

Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев и его сторонники присутствуют на встрече с журналистами в селе Кой-Таш близ Бишкека. 27 июня 2019 года - Sputnik Тоҷикистон
Алмосбек Отамбоев боздошт шуд
Гузашта аз ин Медведев қайд намуд, ки натиҷаи нохуби вазъи феълӣ дар ин кишвар метавонанд инчунин ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ таъсиргузор бошад.

Жээнбеков гуфт: Отамбоев дигар на ҳамчун шоҳид, балки гумонбар аст

Ёдовар мешавем, ки давоми ду шабонарӯз дар бошишгоҳи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон даргирӣ миёни ҷонибдорони Отамбоев ва мақомоти амниятӣ идома дошт, ки дар охир ба таслим шудани собиқ президент ба маъмурони амниятӣ анҷомомид.

Зимнан маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи низоъ миёни тарафдорони Отамбоев ва дастаи таъиноти махсуси ин кишвар, дасти кам як нафар ҳалок ва наздики 100 нафар маҷрӯҳ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0