Ҳавои камабру гарм ва чангу ғубор: ҳарорати ҳаво дар пойтахт то 37 дараҷа мерасад

© © Sputnik / Амир ИсаевМужчина пьет холодный напиток в жару, архивное фото
Мужчина пьет холодный напиток в жару, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз дар кишвар ҳаво камабру бебориш шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар шаҳри Душанбе ба 35-37 дараҷа хоҳад расид

ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Бино бар иттилои маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе камабру бебориш  шуда, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 35+37  дараҷа гарм мешавад.

Мужчина утоляет жажду прохладным айраном - Sputnik Тоҷикистон
Осмони беабр, чангу ғубор ва ҳавои гарм: обуҳавои имрӯзи Тоҷикистон

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри  бебориш мешавад.  Дар  баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 17+22  ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.   Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 19+24  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14  ва   рӯзона    24+29  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0