Дар Макка ду зоири тоҷик фавтид

© AP / Dar YasinМусульмане совершающие хадж в Саудовской Аравии, архивное фото
Мусульмане совершающие хадж в Саудовской Аравии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Зоирини тоҷик 70 сол доштанд ва ҳар дуи онҳо бар асари беморӣ ҷон бохтанд. Ҷасади зоиринро дар макони муқаддаси Макка ба хок супориданд

ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Аснои Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ду зоир, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад агентии "Авеста" бо такя ба маълумоти сухангуйи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон.

Паломничество на гору Арафат. Онлайн-трансляция - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати се зоир дар Ҳаҷ, онҳоро дар Макка ба хок супориданд
Бар хабари манбаъ, зоирини тоҷик ҳар ду 70 сол доштанд ва бар асари сактаи қалбӣ ҷон аз даст доданд. Яке аз ҳалокшудагон сокини Ҳисор буда,  дигаре аз вилояти Суғд будаст. Ҷасади онҳоро дар Макка ба хок супориданд.

"Сомон Эйр": 3750 зоирин аз Тоҷикистон ба Ҷидда таҳвил ёфтанд

Маврид ба зикр аст, ки феълан барои адои маросими Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ милионҳо мусалмонон қарор доранд.

Давлатзода ба гурӯҳи нахустин зоирини озими ҳаҷ: дар Макка боодоб бошед

Тоҷикистон имсол 7000 квота барои зоирини тоҷик аз ҳукумати Арабистони Саудӣ дарёфт намуда буд.

Паломники в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куҳансолтарин ҳоҷии сол вориди Макка шуд
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, соли равон арзиши адои Ҳаҷ барои як нафар 35 ҳазору 128 сомониро ташкил хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки қаблан расонаҳои Қирғизистон аз ҳалокати се зоири қирғиз хабар дода буданд, ки онҳо низ бар асари беморӣ ҷон аз даст доданд ва дар Макка ҷасади онҳо ба хок супорида шуд.

Имсол Арабистони Саудӣ барои зоирини Қирғизистон 6 010 даъватнома ирсол намуда буд.

Лентаи хабарҳо
0