Мақомоти шаҳри Хуҷанд ба хонандаҳои ятиму камбизоат либоси мактабӣ тақдим кард

© © Sputnik / Амир ИсаевШкольная ярмарка на рынке Мехргон в Душанбе
Школьная ярмарка на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд ба кӯдакони ятиму камбизоати шаҳр 160 адад либосӣ мактабӣ харида тақдим карданд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ба миқдори 160 адад либосҳои мактабӣ ба наврасони камбизоат ва ятим тақдим кард.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон
Истеҳсоли либоси мактабӣ дар Хоруғ: Файзов гуфт нарх бояд дастрас бошад

Вазорати саноат: 53 корхонаи Тоҷикистон пурра сокинонро бо либоси мактабӣ таъмин мекунанд

Ин амали неки раиси шаҳри Хуҷанд ахира дар пайи дар пайи ғози расмии ярмарка-фурўши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш сурат гирифтааст.  

Манбаъ таъкид намудааст, ки мақомоти шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси ягонаи мактабӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар ниҳоди хонандагон тасмим гирифт, ки ҳар як мактаб дар намуди алоҳида соҳиби либоси мактабии худ гардад.

Вазорати маориф гуфт, то кай толибилмон дар интихоби либоси мактабӣ озоданд

“Ин буд, ки муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани хонандагон дар ҳамкорӣ бо 9 коргоҳҳои дўзандагии шаҳр корбарӣ намуда истода, дар ин бора шартномаҳои дутарафа ба имзо расонида шудааст. Бояд қайд кард, ки дар соли таҳсили 2019-2020 ба 20364 нафар хонандагон дўхтани либоси ягонаи мактабӣ ба нақша гирифта шудааст”,- зикр намудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0