Ҳунармандони номии Тоҷикистон китоби овозии афсонаҳои халқиро сабт мекунанд

© Из архива Фируза СабзалиеваПробная обложка сборника аудиосказок на таджикском и памирских языках
Пробная обложка сборника аудиосказок на таджикском и памирских языках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷмӯаи аввал, ки 15 афсонаи маъмули кӯдаконро дарбар мегирад, аз ҷониби ҳунармандони маъруф бо забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ сабт хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Сабти овозии афсонаҳои маъмултарини халқӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбӣ аст. Дар сабти 15 номгуйи афсонаҳои халқӣ, ҳунармандони маъруфи тоҷик таҳти роҳбарии Фирӯз Сабзалиев -  ҳунарманди кинои рус, иштирок ва овоз хоҳанд дод.

Ҳар як қаҳрамони афсона  овози худашро дорад ва ҳамзамон тавассути воситаҳои овозӣ ва мусиқӣ, афсонаҳоро боз ҳам ҷолибтар мекунем, мегӯяд ин ҳунарманди кино.

Дар маҷмӯъ ҳамагӣ 15 афсонаи халқӣ сабт мешавад ва ҳунармандон бар он боварданд, ки лоиҳаи онҳо ба эҷоди оммавии китобҳои овозӣ бо забони тоҷикӣ замина мегузорад.

После часа хороводов, мастер-классов и активных игр, дети, в отличие от взрослых, ничуть не устав, перешли к следующей части - театрализованному шоу, где главными участниками и персонажами были герои популярных мультиков, фильмов и компьютерных игр - Sputnik Тоҷикистон
"Алифбо" - филми тасвирии тоҷикӣ таҳия мешавад

Худи Фирӯз Сабзалиев дар мусоҳиба ба Sputnik Тоҷикистон изҳор доштаст, ки ҳамаи афсонаҳоро аз китоби "Афсонаҳои халқи тоҷик" гирифтааст, ки соли 1976 нашр гардидаст.

Фирӯз мегӯяд, ин афсонаҳои хуби кӯдаконае мебошанд, ки аз насл ба насл гузашта то ба имрӯз расиданд. Дар асрҳои қаблӣ ин афсонаҳоро одамон ба таври дахонӣ ба ҳамдигар қисса мекарданд. Сипас дар замони Шӯравӣ ҳамаи ин қиссаву ривоятҳоро ҷамъоварӣ намуда ба нашр расонданд, илова намуд Сабзалиев.

Фирӯз барои сабти овозии афсонаҳои халқӣ ҳамкоронашро, ҳунармандони кино ва театрро ҷалб намудаст.

"Қариб ҳама онҳо ҳамкасбони ман ҳастанд. Мо ҳамроҳ филмҳо ва афсонаҳоро тарҷума ва сипас сабти овозӣ мекардем. Ҳамкорӣ бо ҳунармандони асил бароям бисёр роҳат аст ва натиҷаи кор низ босифат мешавад", мегӯяд Сабзалиев дар давоми сӯҳбат.

Ба ҷузъ аз ҳунармандон дар сабти овозӣ ҳамзамон ихтиёрмандон низ ширкат меварзанд. Фирӯз таъкид намуд дар кори сабти афсонаҳои халқи наздики 20 нафар ҷалб карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0