Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Раҳмон қарори нав дар бораи симкортҳоро имзо кард: аз А то Я-и сабту харидуфурӯш

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат муҳлати сабти симкортҳоро барои 6 моҳи дигар - то 15 феврали соли 2020 тамдид кард

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, ки 15 августи соли равон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон имзо шудаасту  худи он рӯз дар нашрияи “Ҷумҳурият” нашр гардидааст, барои сабти симкортҳо ба ҷои 6 моҳи қаблӣ як моҳ муҳлат дода шудааст.

Очередь в салоне сотовой связи в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат дастури қатъи хизматрасонии симкортҳо баъди 15 августро надодааст

“Дар банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” рақам ва калимаи “6 моҳ” ба калимаҳои “як сол” иваз карда шаванд”, - омадааст дар қарори ҷадиди Ҳукумат.

Дар қарори қаблӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли равон имзо намуда буд, барои сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаҳои нав 6 моҳ - то август муҳлат муқаррар шуда буд ва феълан он ба як сол иваз гардид.  

Бар асоси тағйирот ба қарори Ҳукумат, “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он”, ки аз ҷониби раисиҷумҳур 9 феврал имзо гардидааст, симкорти шахсоне, ки шиносномаи намунаи соли 2014 надоранд, аз нав ба қайд гирифта мешаванд.

Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Се сол зиндон ё то 82 ҳазор сомонӣ ҷарима: шарҳи ҷазо барои додани симкорт ба нафари дигар

Ҳукумат инчунин масъулини соҳаро барои насби камераҳои мушоҳидавӣ дар нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо уҳдадор намуда, муваззаф кардааст, ки зиёда аз ду симкортро ба номи як шахс (дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ) ба расмият надароранд.

“Хизматрасонии симкортҳое, ки дар муҳлати 6 моҳ истифода бурда намешаванд, қатъ кунанд. Ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшавандаро, аз ҷумла дар шакли электронӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бойгонӣ нигоҳ доранд”, - вазифадор шудаанд ширкатҳои масъули соҳа.

Ҳукумат инчунин муқаррар кардааст, ки ноболиғон аз синни 16 бо ризояти хаттии падару модар ё намояндагони дигари қонунӣ метавонанд бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 симкортро ба номи худ дастрас намоянд.

Сайджафар Исмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ изтирорӣ нест: вакили парлумон хост, Ҳукумат муҳлати сабти симкортро дароз кунад

“Падару модар ва намояндагони дигари қонунӣ уҳдадоранд истифодаи симкортро аз ҷониби фарзандони ноболиғ ва ё шахсони таҳти васоят ва парастории онҳо қарордошта назорат баранд”, - таъкид шудааст дар қарор.

Инчунин Ҳукумат дар ҳудуди Тоҷикистон хариду фурӯши симкортҳои ширкатҳои хориҷӣ ва фурӯши симкортҳои ширкатҳои дар Тоҷикистон бақайдгирифташударо дар ҳудуди давлати хориҷӣ манъ кардааст.

Дар мавриди фурӯши симкортҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва гурезаҳо Ҳукумат муқаррар кардааст, ки бо пешниҳоди гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи гуреза ба расмият дароварда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала