Миннатдории Федератсияи футболи Тоҷикистон аз мухлисони тоҷик

© Официальный сайт ФФТРустам Эмомали, сын президента Таджикистана Эмомали Рахмона (второй слева), был переизбран на пост главы Федерации футбола Таджикистана на отчетно-выборной конференции ФФТ
Рустам Эмомали, сын президента Таджикистана Эмомали Рахмона (второй слева), был переизбран на пост главы Федерации футбола Таджикистана на отчетно-выборной конференции ФФТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон миннатдории хешро ба кули мухтисоне, ки мунтахаби то 19 солаи кишварро дар Қаҳрамонии CAFA 2019 U-19 дастгирӣ намуданд, баён кард.

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон миннатдории худро ба тамоми мухлисон барои дастгирии мунтахаби то 19 солаи кишвар расонидааст, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".

 Рустам Эмомали поблагодарил молодежную сборную за победу на чемпионате CAFA-2019  - Sputnik Тоҷикистон
Миннатдории Президент аз кумитаи тадорукоти CAFA-2019

Гуфта мешавад дар бозии ниҳоии Қаҳрамонии CAFA 2019 миёни тимҳои милли Тоҷикистон ва Эрон ,ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, 10 ҳазор мухлис барои дастгирии варзишгарони кишвар ташриф оварданд.

Шикасти дастаҳои мизбон аз меҳмонҳо дар даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон

Федератсияи футбол таъкид намудаст, ки боре ҳам дар бозиҳои Қаҳрамонии  CAFA чунин миқдори бештари мухлисон ба варзишгоҳ ташриф наоварда буд.

Зимнан Федератсияи мазкур ҳамаи мухлисони футболро, рӯзи  5-уми сентябр дар бозии аввали марҳилаи интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2020 байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғистон, ки соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват  намудааст.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии ниҳоиро мусовӣ анҷом дод ва барандаи медали нуқра гардид

Инчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мақомотҳое, ки дар ташкил ва баргузор намудани Қаҳрамонии CAFA 2019 саҳми арзандаи худро гузоштанд, изҳори минаттдорӣ намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0