Омодагии Рамазон Раҳимзода барои зимистонгузаронии сарбозон

© МВД РТРамазон Рахимзода готовится к зиме
Рамазон Рахимзода  готовится к зиме  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода барои зимистонгузаронии сарбозон омодагӣ мебинад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони ВКД рафтааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Супоришҳои Рамазон Раҳимзода ва Саймумин Ятимов ба заминкорон

Гуфта мешавад, ки зимни боздид вазир гуфтааст, ки маҳсулоти полезӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, карам ва дигар навъҳои он, ки аз заминҳои хоҷагӣ ёрирасон кишт ва ҷамъоварӣ карда шудаанд, барои зимистонгузаронии сарбозони қисмҳои низомӣ дар шароити мусоид захира карда шаванд.

© МВД РТРамазон Рахимзода готовится к зиме
Омодагии Рамазон Раҳимзода барои зимистонгузаронии сарбозон - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Рахимзода готовится к зиме

Раҳимзода ба "дод"-и сокинони ВМКБ ва Суғд расид

Илова бар ин қайд карда шудааст, ки маҳз бо ташаббуси хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сарбозони қисмҳои низомӣ бо маҳсулоти хӯроквории тару тоза тӯли чанд сол мешавад, ки дар заминҳои барои хоҷагии ёрирасон ҷудогардида, ҳосили назаррас ба даст оварда шуда, барои сарбозон шароити хуби хизматбарӣ фароҳам оварда шудааст.

Рамазон Раҳимзода дар Алмато аз таҳкими марз гуфт

 

Лентаи хабарҳо
0