Раиси Ваҳдат дар бораи буҷа, нақзи қонунгузории замин ва истеҳсолот

© SputnikРайцентр города Вахдат
Райцентр города Вахдат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат гузориш дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 қисми даромади буҷети маҳаллӣ 100,1 фоиз ва қисми хароҷот 91 фоиз иҷро гардид

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Амирзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки аз нуҳ намуди андози маҳаллӣ як намуди он - андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 9 миллиону 811 ҳазор сомонӣ иҷро нашуд.

Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қаллобони заминфурӯш боздошт шуданд

“Бақияпулиҳои қарзи андоз 11 миллиону 435 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба аввали сол 385 ҳазор сомонӣ кам мебошад”, - хабар додаст нашрияи “Садои мардум” аз қавли раиси Ваҳдат.

Манбаъ афзуд,  кишоварзон дар маҷмӯъ, ба маб­лағи 185 миллиону 965 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 миллиону 288 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Раис хабар додааст, ки бо мақсади назорати давлатии риояи талаботи қонунгузории замин дар деҳоти Симиганҷ, Гулистон, Ромит, Баҳор, ба номи Абдулло Абдулвосиев ва шаҳраки Нуъмон Розиқ санҷиш гузаронида, 86 ҳолати қонунвайронкунӣ муайян карда шуд.

“Дар натиҷа, нисбат ба 78 ҳолати қонунвайронкунӣ ба маблағи 37,1 ҳазор сомонӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 29 ҳазор сомонӣ ҷарима рӯёнида шуд ва панҷ парванда ба суд, дуто барои баҳои ҳуқуқӣ ба прокуратураи шаҳр ирсол гардид”, - иттилоъ додааст Амирзода.

Барои нақзи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбат ба 110 падару модар ба маблағи 10470 сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст. Дар маҷмуъ дар шаҳр 334 ҷиноят ба қайд гирифта шудаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 19 адад зиёд аст.

Лентаи хабарҳо
0