Тӯфону чангу ғубор ва ҳавои номусоид: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид идома ёфта, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, дар шаҳри Душанбе ҳавои камабру бебориш дар назар аст.  Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

Карон Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори обуҳавошиносон: ҳавои номусоид дар Тоҷикистон то 16 август боқӣ мемонад

Аммо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала