Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Амри Эмомалӣ Раҳмон: дар Тоҷикистон ду ҷашни нав эълом шуд

Дар Тоҷикистон ду ҷашни нави расмӣ эълом шуд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ, рӯзи 17 августи соли 2019 ба тасвиб расид.

Дар ин бора котиботи раисиҷумҳур хабар медиҳад.

"Мутобиқи он ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ баргузор карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Дар ин росто, Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки баргузории чорабиниҳоро вобаста ба идҳои мазкур дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала