Суғд: сокинон тӯйҳояшонро дар Қирғизистон мегузаронанд то дар кишвар ҷарима нашаванд

© Sputnik / Дмитрий МатвеевГости на узбекской свадьбе
Гости на узбекской свадьбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти прокуратура ва шуъбаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Суғд аз афзоиши мавридҳои риоя нагардидани тартиби баргузории туйю маъракаҳои мардумӣ хабар медиҳанд

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Баъзе сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом, барои баргузории тӯйи фарзандонашон ба тарабхонаҳои наздимарзии Қирғизистон мераванд, то аз нақзи қонун ва ҷаримапардозӣ эмин бошанд.

Прокуратураи вилояти Суғд аз афзоиши омори риоя нагардидани тартиби баргузории туйю маъракаҳои мардумӣ иттилоъ дод.

Изатулло Муҳаммадӣ, иҷрокунандаи вазифаи прокурори Суғд, дар нишасти хабарӣ гуфт, дар паи иҷрои вазъи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мавридҳои зиёди татбиқ нагардидани баргузории ҷашни зодрӯз, гаҳворабандон, домодталбон ва маросими ақди никоҳ ошкор шудааст.

“Дар паи ҷойдошти ин гуна ҳолатҳои берун рафтан аз муқаррароти қонунӣ, 273  нафар ба ҷавобгариҳои маъмурӣ ва интизомӣ кашида шудааст ва рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  93 ҳолат (180) зиёд аст”,- гуфт Изатулло Муҳаммадӣ. 

Молодожены расписываются на узбекской свадьбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарманди тоҷикро барои нақзи қонуни танзим 583 доллар ҷарима карданд

Дар ҳоле мақомоти прокуратура аз афзоиши баргузории тӯйҳои берун аз муқаррароти қонунӣ таъкид меварзанд, ки дафъаҳои охир иддае аз сокинон, барои эмин мондан аз пардохти ҷарима дар вақти баргузории туйю сури худ, дар берун аз марзи кишвар рафтаанд.

Масъулони шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Суғд ҳам гуфтанд, ки аз баргузории тӯйҳои хатнасури иддае аз сокинон дар тарабхонаҳои берун аз марзи кишвар хабар дарёфтаанд.  

Суҳроб Рустамзода, мудири шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Суғд, дар нишасти хабарӣ дар бораи ҷойдошти ин гуна ҳолатҳо гуфт, ки баъзе шаҳрвандон моҳияти қонунро дуруст дарк накарда, ба исрофкорӣ даст мезананд.

Ӯ гуфт, ба онҳо маълумот расидааст, ки баъзе сокинони шаҳри Конибодом ва ноҳияи Б. Ғафуров хатнасури фарзандонашонро дар тарабхонаҳои навоҳии наздимарзии Қирғизистон барпо кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2007  Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” ро  қабул кард, ки  ҳадафи қабули ин Қонун пешгирӣ аз харҷҳои изофии тӯйу сури мардум шарҳ дода мешуд. Баъд аз даҳ сол ба Қонун тағйиротҳои нав ворид карда шуд.

Ин Қонун ҳоло аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистонро танзим мекунад.

Аз ҷумла моддаи 9- и Қонун, хатнасур ном дошта, ин моддаи Қонун баргузори хатнасурро дар бо иштироки на зиёда аз 60 нафар таъкид карда, баргузории онро дар шароити тарабхонаҳо бо иштироки ҳофизон ва забҳи чорво манъ кардааст.

Свадебная церемония в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ 4 хонаводаро барои нақзи қонуни танзим 25 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд

Аммо баъзе сокинони наздимарзӣ аз ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Конибодом, барои ба қавле пой берун нагузоштан аз доираи қонуни танзим, ба тарабхонаҳои ноҳияҳои наздимарзии Қирғизистон рафта ва ба ин васила аз ҷарима шудан, худро эмин доштаанд.

Шуҳрат (номи ивазшудаи) як ҳамсуҳбати мо, сокини ноҳияи Б. Ғафуров аст, ки мегуяд, барои ба қавле эмин мондан аз ҷаримасупорӣ, тӯйи хатнасури нахустписарашро дар тарабхонаи “Раъно”- и ноҳияи Лайлак и Қирғизистон баргузор кардааст.

Шуҳрат иброз намуд, ки хонаводаи ӯ солҳо боз доштани писар ва тӯйи кардани ӯро орзӯ мекард, аммо бо расидани ин фурсат, қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар кишвар қабул шуд ва баргузории ингуна тӯйҳо манъ гардид.

Хонаводаи Шуҳрат, барои бароварда кардани ин орзӯи деринтизори худ, дар моҳи апрели имсол ба марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон рафтаанд ва дар тарабхонае он ҷо, туйи хатнасури фарзандашонро баргузор карданд.

“Дар туй гурӯҳи ҳофизон аз  кишвари худамонро даъват карда будем, ки давоми қариб се соат базмороӣ карданд. Дар ҷараёни он беҳтарин лаҳзаҳои фараҳу шодии зиндагии мо сапт гардид”, - гуфт Шуҳрат. 

Ин ҳамсуҳбати мо мегуяд, бо баргузор кардани тӯй дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, мушоҳида кардааст, ки дар он сӯи марз ҷараёни баргузории тӯйҳо маҳдуд нест ва арзиши иҷораи тарабхонаҳо ҳам ба фарқ аз тарабхонаҳои кишвараш чандон гарон набудааст.

Ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, дар марз бо ноҳияи Б. Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир аст. Деҳоти Арка ва Қулундуи он дар дар канори деҳаҳои Хистеварз ва Овчи Қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров воқеъ буда, равуои мардуми ин ду ноҳия асосан дар бозорҳои наздимарзӣ ба мушоҳида мерасад.

Масъулони шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Суғд мегуянд, таъсир расонидан ба маъракаҳое, ки берун аз марзи кишвар доир мешаванд, хилофи қонун аст ва комиссия ҳам ин салоҳиятро надорад, ки ба онҳо таъсир расонад.

Таджикская свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Протокол нисбати домод пас аз тӯй: зидди қонуни танзим арӯсбинон кардед

Аммо ба гуфтаи масъулин  дар ин самт комиссия бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро пайваста доир мекунад.

“Туфайли корҳои фаҳмондадиҳӣ мо метавонем мардумро аз баргузор намудани тӯйи хатнасур дар давлатҳои ҳамсоя пешгирӣ кунем. Дар ин бора комиссияи вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ корбарӣ карда истодаанд. Мутаасифона баъзеҳо сокинон моҳияти қонунро, ки сарфаву сариштакориро дар назар дорад, дуруст дарк намекунанд”, - гуфт Рустамзода.

Ба иттилоъи шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 74 мавриди риоя накардани талаботи қонун дар маъракаҳои мардум ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор, аз ҷумла, 7 ҳолат барои баргузор кардани ҷашни зодрӯз, ки хилофи моддаи 8, 11 ҳолат барои баргузор кардани хатнасур, ки хилофи моддаи 9 мебошад ва 29 ҳолати тӯйи домодию арӯсӣ, ки бо доираи одамони зиёд, хилофи Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо сурат гирифтааст ва дар ин бора парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки пардохти ҷаримаро тақозо мекунад,  тартиб дода шуда ба суд ирсол карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0