Соҳибкорзан аз Хуҷанд ба 21 кӯдаки камбизоат лавозимоти мактабӣ тақдим кард

Обуна шудан
Соҳибкоризан аз шаҳри Хуҷанд барои кӯдаконе, ки аз оилаҳои камбизоат ҳастанд лавозимоти мактабӣ харидорӣ намуд ва дар остонаи Рӯзи дониш ҳамроҳ бо мақомоти шаҳр тақдим кард

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо гурўҳи ташаббускори фонди степендиявии “Орзу” ва соҳибкорзани ватандӯст дар остонаи Рӯзи дониш амали хайрхоҳона анҷом дода шуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои ташабускори фонди степендиявии “Орзу”ва соҳибкорзанро ба 21 нафар кўдакон аз оилаи ниёзманд намуданд.

Школьная ярмарка на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Хуҷанд ба хонандаҳои ятиму камбизоат либоси мактабӣ тақдим кард

Қайд карда шудааст, ки лавозимоти мактабиро мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ тақдим намуда, кӯдаконро бо Рузи Дониш табрик намуд ва  ба онҳо таманиётҳои нек орзу кард. 

Ёдрас мешавем, ки ахиран Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ба миқдори 160 адад либосҳои мактабӣ ба наврасони камбизоат ва ятим тақдим кард.

Ин амали раиси шаҳри Хуҷанд ахира дар пайи дар пайи ғози расмии ярмарка-фурўши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш сурат гирифтааст.

Тавре мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид карда буд муассисаҳои таълимӣ шаҳр барои  бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани хонандагон дар ҳамкорӣ бо 9 коргоҳҳои дўзандагии шаҳр корбарӣ намуда истода, дар ин бора шартномаҳои дутарафа ба имзо расонида шудааст. Манбаъ қайд кард, ки дар соли таҳсили 2019-2020 ба 20364 нафар хонандагон дӯхтани либоси ягонаи мактабӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0