Ба Раҳмон гуфтанд, сокинони Мастчоҳ дар Кони Ғузн маоши хуб мегиранд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо кори Кони ангишти Ғузн ошно шудааст

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди "Қудрат 2010" ширкат кардааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, ба Раҳмон иттилоъ додаанд, ки Корхонаи ангишти Ғузн соли 2017 таъсис ёфтааст.

"Айни ҳол дар корхона 35 нафар сокинони маҳаллӣ дар ҷараёни истихроҷи ангишт ба кор чалб карда шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд", - гуфтаанд ба раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Суғд рафт: сафари кории раисҷумҳур аз Мастчоҳ оғоз ёфт

Раҳмон дар Мастчоҳ ба оташнишонон мошин туҳфа карду бинои КДАМ-ро ифтитоҳ кард

Тибқи маълумоти котиботи раисиҷумҳур, корхона дар як сол то 10 ҳазор тонна иқтидори истеҳсолии истихроҷи ангиштро доро мебошад.

Раҳмон дар Мастчоҳ: Президент беморхона, биноҳои нави ВУД ва “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ кард

Роҳбарияти корхонаи ангишти Ғузн ният доранд бо ворид намудани технологияҳои муосир иқтидори истеҳсолии корхонаро то 100 ҳазор тонна зиёд карда, ҳаҷми истихроҷи ангиштро бештар намоянд ва 120 нафарро бо ҷойи кор таъмин кунанд.

Тибқи маълумоти тадқиқотӣ, захираи умумии ангишт дар кони Ғузн 27 миллион тонна мебошад.

Лентаи хабарҳо
0