Бо сафари Раҳмон Мастчоҳ чӣ гуна шуд - гузориши аксӣ

Обуна шудан
Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нахуст ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар кард

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари кишварро дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Суғд рафт: сафари кории раисҷумҳур аз Мастчоҳ оғоз ёфт

Тавре манбаъ таъкид намудааст, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1996 таъсис ёфта, яке аз ноҳияҳои зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад.

Зимнан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки навбунёди Меҳрон бинои беморхонаи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Бинои беморхонаи марказӣ дуошёна буда, дар муддати кӯтоҳ сохта шудааст.

Раҳмон дар Мастчоҳ: Президент беморхона, биноҳои нави ВУД ва “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ кард

Манбаъ таъкид намудааст, ки то имрӯз беморхонаи марказии ноҳия ба талабот ҷавобгӯ набуд ва сокинон аз сабаби набудани шароит барои ташхису табобат ба маркази вилоят, ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Душанбе мерафтанд, ки ин харҷи зиёд талаб мекард. Бо сохтмони ин иншоот ин камбудиҳо бартараф шуд.

Инчунин, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрон бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода дод.

Ба Раҳмон гуфтанд, сокинони Мастчоҳ дар Кони Ғузн маоши хуб мегиранд

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва намои зебо сохта шудааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки то ин вақт кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия дар бинои кӯҳнаву фарсуда ва дар шароити номутобиқи корӣ фаъолият доштанд.

Эмомали Рахмон открыл парк культур и отдыха, государственный символ и флаг в Ховалинском районе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Мастчоҳ ба оташнишонон мошин туҳфа карду бинои КДАМ-ро ифтитоҳ кард

Ҳамзамон роҳбари кишвар дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави филиали рақами 41-и "Амонатбонк"-ро дар ин ноҳия ифтитоҳ намуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон, мақомоти вилоят ва ноҳия барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳия ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба кор дастуру супоришҳои мушахас дод.

Инчунин, Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳия мавриди ифтитоҳ намуд.

Бинои нави шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  аз ҷониби Дирексияи иншооти хукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон сохта шуда аст.

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОғози сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон
1/14
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанИстиқболи Раҳмон бо рақсу либоси миллии гулдухтарон
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон
2/14
Истиқболи Раҳмон бо рақсу либоси миллии гулдухтарон
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОғози сафари кории Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон
3/14
Оғози сафари кории Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанАкси раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳалқаи занону духтарони ноҳияи Мастчоҳ
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон
4/14
Акси раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳалқаи занону духтарони ноҳияи Мастчоҳ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон дар ҳузури сокинони ноҳияи Мастчоҳ
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон
5/14
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури сокинони ноҳияи Мастчоҳ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанИфтитоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Эмомали Рахмон открыл в Горно-Матчинском районе центральную больницу - Sputnik Тоҷикистон
6/14
Ифтитоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи беморхонаи марказӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ
Эмомали Рахмон открыл в Горно-Матчинском районе центральную больницу - Sputnik Тоҷикистон
7/14
Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи беморхонаи марказӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанИфтитоҳи бинои Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
Эмомали Рахмон открыл в Горно-Матчинском районе здание МВД - Sputnik Тоҷикистон
8/14
Ифтитоҳи бинои Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ бинои филиали "Амонатбонк" ифтитоҳ кард
Эмомали Рахмон открыл в Горно-Матчинском районе Амонатбанк - Sputnik Тоҷикистон
9/14
Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ бинои филиали "Амонатбонк" ифтитоҳ кард
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанАкси президент бо кормандони филиали нави "Амонатбонк" дар мастчоҳ
Эмомали Рахмон открыл в Горно-Матчинском районе Амонатбанк - Sputnik Тоҷикистон
10/14
Акси президент бо кормандони филиали нави "Амонатбонк" дар мастчоҳ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМаросими ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ
Эмомали Рахмон открыл государственный флаг в Горно-Матчинском районе - Sputnik Тоҷикистон
11/14
Маросими ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанИфтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар Мастчоҳи Кӯҳӣ
Эмомали Рахмон открыл государственный флаг в Горно-Матчинском районе - Sputnik Тоҷикистон
12/14
Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар Мастчоҳи Кӯҳӣ
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ифтитоҳ намуд
Эмомали Рахмон открыл государственный флаг в Горно-Матчинском районе - Sputnik Тоҷикистон
13/14
Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ифтитоҳ намуд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанИнчунин президент Раҳмон дар ноҳияи мазкур бинои нави додгоҳро ба истифода дод
Эмомали Рахмон открыл в Горно-Матчинском районе здание суда - Sputnik Тоҷикистон
14/14
Инчунин президент Раҳмон дар ноҳияи мазкур бинои нави додгоҳро ба истифода дод
Лентаи хабарҳо
0