Раҳмон дар Мастчоҳ: Президент беморхона, биноҳои нави ВУД ва “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон принял участие в открытии нового дополнительного здания телевидения и радио Согда
Эмомали Рахмон принял участие в открытии нового дополнительного здания телевидения и радио Согда  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Мастчоҳи дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоотҳои навбунёд иштирок кард

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки навбунёди Меҳрон бинои беморхонаи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Бинои беморхонаи марказӣ дуошёна буда, дар муддати кӯтоҳ сохта шудааст.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Суғд рафт: сафари кории раисҷумҳур аз Мастчоҳ оғоз ёфт

Манбаъ таъкид намудааст, ки то имрӯз беморхонаи марказии ноҳия ба талабот ҷавобгӯ набуд ва сокинон аз сабаби набудани шароит барои ташхису табобат ба маркази вилоят, ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Душанбе мерафтанд, ки ин харҷи зиёд талаб мекард. Бо сохтмони ин иншоот ин камбудиҳо бартараф шуд.

Манбаъ инчунин ёдрас шудааст, ки дар ҳоли ҳозир, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрон сохтмони як зумра иншооти нави маъмурию хизматрасонии дигар идома дорад.

Инчунин, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрон бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода дод.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва намои зебо сохта шудааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки то ин вақт кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия дар бинои кӯҳнаву фарсуда ва дар шароити номутобиқи корӣ фаъолият доштанд.

Тибқи нақша, дар дохили бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ утоқи шиносномадиҳӣ, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ, бойгонӣ ва ғайра ҷойгир карда шудаанд.

Иштирок дар чорабинии фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ҳамроҳ бо ҳамсараш: иштироки хонаводаи Президент дар консерти “Шоми Ховалинг”

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо кормандони шуъбаи Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ онҳоро барои хизмати содиқона ба Ватан даъват кард ва барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини волооияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон роҳбари кишвар дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави филиали рақами 41-и “Амонатбонк”-ро дар ин ноҳия ифтитоҳ намуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон, мақомоти вилоят ва ноҳия барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳия ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба кор дастуру супоришҳои мушахас дод.

Лентаи хабарҳо
0