Мулоқоти Ҳикматуллозода бо сафири навтаъини Ҳиндустон дар Тоҷикистон

© сомонаи Вазорати рушди иқтисоду савдои ТоҷикистонМулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вираҷ Сингх, сафири навтаъини Ҳиндустон дар Душанбе
Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вираҷ Сингх, сафири навтаъини Ҳиндустон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вираҷ Сингх, сафири навтаъини Ҳиндустон дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мулоқоти Ҳикматуллозода ва Вираҷ Сингх рӯзи 20 августи соли ҷорӣ баргузор шуд.

Последствия селевых потоков в Канибадаме - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Афғонистон минбаъд алайҳи офатҳои табиӣ муборизаи муштарак мебаранд

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тақвият додани фаъолияти Комиссияи муштарак дар бахши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустонро таъкид кардаанд, омадааст дар иттилоия.

Ҷонибҳо инчунин иҷрои бандҳои дахлдори асноди дар доираи Комиссияи мазкур баимзорасидаро зарур шуморидаанд. Дар баробари ин рушди савдои хориҷӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти мухталифи тоҷикистонӣ ба бозори Ҳиндустон аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будааст.

Ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи ҳиндӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт, ҳамкорӣ дар самти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, истифодаи имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ҷалби сайёҳони ҳиндӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

Ҳикматуллозода ва Вираҷ Сингх дар анҷоми мулоқот ҳавасмандии худро барои боз ҳам ривоҷ додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун баён доштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала