Нуриддин Давронов ба дастаи уммонӣ пайваст - акс

© © Кова Тилавпур Нурридин Давронов таджикский футболист подписал контракт с оманским футбольным клубом
Нурридин Давронов таджикский футболист подписал контракт с оманским футбольным клубом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуридин Давронов, капитани тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо имзо як қарорд, барои як сол ба дастаи “КФ Уммон", пайваст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Нуриддин Давронов, капитани тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи “Истиқолол”-и шаҳри Душанбе, бо дастаи “КФ Уммон”, ки дар мусобиқаи Лигаи Олии кишвари Султонишинии Умон бозӣ мекунад, қарордоди яксола ба имзо расонидааст

Дар ин бора, ба Sputnik Тоҷикистон, Кова Тилавпур, агенти Нуриддин Давронов хабар дод.

“Мо ба ғайр аз кишвари Уммон ҳамчунин пешниҳодҳо аз давлатҳои Узбакистон, Ҳиндустон ва Индонезия доштем. Фикр кардем, ки барои боз ҳам беҳтар шудани корномаи варзишии футболбоз, кишвари Султонишини Уммон интихоби дуруст аст”, - афзуд Кова Тилавпур.

Нуриддин Давронов, аз футболбозони бомаҳорат аст ва мухлисонаш ӯро, “Криштиан Роналдо”- и тоҷик ном мебаранд.

© © Кова Тилавпур Нурридин Давронов таджикский футболист подписал контракт с оманским футбольным клубом
Нуриддин Давронов ба дастаи уммонӣ пайваст - акс  - Sputnik Тоҷикистон
Нурридин Давронов таджикский футболист подписал контракт с оманским футбольным клубом

Ин футболбози 28 солаи тоҷик фаъолияти варзишиашро нахуст аз дастаи футболи “Смена”-и кишвари Белорус шуруъ карда, дар дастаҳои "Барқчӣ", “Локомотив-Москва”, “Истиқлол”-и Душанбе, “Слобода”-и Сербистон, “Дунав”-и Булғористон, “Мадура Юнайтед”-и кишвари Индонезия бозӣ кардааст.

Нуриддин Давронов қабл аз гузаришаш ба бошгоҳи “КФ Уммон”, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе буд.

Нуриддин Давронов таҳти рақами 11 дар дастаи “КФ Уммон” ба майдон мебарояд. Маблағи гузариши ин футболбози тоҷик ба дастаи кишвари Уммон шарҳ дода нашудааст, вале ба гуфтаи агенти футболбоз арзиши он болотар аз пешниҳоди бошгоҳҳои Узбакистону Ҳиндустон будааст.

Лентаи хабарҳо
0