Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори СММ баррасӣ шуд

© МИД РТВстреча Заместителя министра иностранных дел Таджикистан Музаффара Хусейнзода со Специальным представителем Генсека ООН по вопросам сокращения рисков бедствий Мами Мизутори
Встреча Заместителя министра иностранных дел Таджикистан Музаффара Хусейнзода со Специальным представителем Генсека ООН по вопросам сокращения рисков бедствий Мами Мизутори - Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар Душанбе мулоқоти намояндагони СММ ва масъулини вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори СММ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ахиран мулоқоти Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Мами Мизутори, намояндаи вежаи Дабири кулли СММ доир ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ ва Асако Окаӣ, муовини Маъмури Барномаи рушди СММ (БРСММ) баргузор гардид.

Тавре манбаъ таъкид доштааст зимни мулоқот тарафҳо вобаста ба натиҷаи Конфронси минтақавӣ роҷеъ ба иҷрои Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 (21 августи соли 2019, шаҳри Душанбе) ибрози назар намуданд.

Последствия селевых потоков в Канибадаме - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Афғонистон минбаъд алайҳи офатҳои табиӣ муборизаи муштарак мебаранд

Вазорати умури хориҷа қайд намудааст, ки дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори СММ ва дурнамои иқдомҳои муштарак дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 21 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо ҳузури намояндагони беш аз 9 давлати ҷаҳон баргузор гардид

Дар кори конфронси мазкур роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон,  Афғонистон, Эрон, Покистон, Чин, Ҳиндустон, Муғулистон, Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ва корпусҳои дипломативу ташкилоти сармоягузорӣ низ даъват шуда буданд.

Мақсад аз баргузории конфронси имрӯза  баррасии масъалаи ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва ба ин васила пайдо намудани роҳи нави робитаҳо мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала