Тими футзалбозони Тоҷикистон дар Дубай 2 бозии дӯстона анҷом медиҳад

© Пресс-служба федерации футбола РТСборная Таджикистана по футзалу, архивное фото
Сборная Таджикистана по футзалу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба даври интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 бо мунтахаби миллии футзали Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона анҷом медиҳад

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври муқаддамотии қаҳрамонии Осиё – 2020 тими Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббӣ Ҳусейн Шодиев бо Непал – 23 октябр, Афғонистон – 24 октябр ва Узбакистон – 25 октябр бозӣ мекунад.

Дастаи яккачини футзали Тоҷикистон аснои тамрин дар Кувайт - Sputnik Тоҷикистон
Рақибони “Соро компания” дар чемпионати футзали Осиё маълум шуданд

Барои омодагӣ ба ин мусобиқа тими Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона анҷом хоҳад дод, ки рӯзи 25 ва 26 сентябр дар Дубай дар назар аст.

Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон мунтахаби ҷавонони кишвар дар риштаи футзал баъд аз ду бохти пайиҳам дар Ҷоми Осиё-2019 дар Эрон, аз идомаи мусобиқот канор монд.

Шогирдони Эраҷ Носеҳов дар даври аввал аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 ва дар даври дуюм аз тими Ветнам бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардидао буданд.

Дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 20-сола аз гурӯҳи “С” дастаҳои Ҷопон ва Ветнам ба даври чорякфинал роҳ ёфтанд.

Дар Чемпионати Осиё-2019 дар риштаи футзал миёни ҷавонони то 20-сола 12 даста дар чор гурӯҳ бо ҳам рақобат карданд.

Лентаи хабарҳо
0