ВУД: дар Душанбе се роҳзани ноболиғ дастгир шуд

© Sputnik / Алексей КуденкоПодростки
Подростки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсия пойтахт се ноболиғеро дастгир намуданд, ки дар лату кӯб ва бо роҳи зӯрӣ тасарруф намудани пулҳои марди 41 сола айбдор мешаванд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Кормандони милитсия Тоҷикистон бо иттиҳоми роҳзани се ноболиғ, сокини пойтахтро дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати уимури дохилаи Тоҷикистон.

Банк Эсхата, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаи ниқобпӯши мусаллаҳ ба бонки “Эсхата”

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, рӯзи 21-уми августи соли равон ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ноҳияи Сино, шаҳрванд Ҷ.Исматови 41 сола, истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб шикоят овардааст, ки дар санаи мазкур ҳангоми дар кӯчаи Гипрозем қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯрӣ аз дасташ 1600-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони милитсия ахиран А.Азимбоев соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи кӯчаи Балъамӣ, М.Додаров соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи кӯчаи А.Кашевой ва С.Холов соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи кӯчаи Нахимова ҳамчун гумонбар дар содир намудани  ин ҷинояти  ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.

Садамаи қасдан ташкилшуда ва роҳзании гуруҳии тоҷикон алайҳи ҳамватан дар Маскав

Дар ҳоли ҳозир аз сӯи кормандони милитсияи Тоҷикистон тафтишоти мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамлаи як ниқобпӯши мусаллаҳ ба бонки “Эсхата” хабар дод, ки субҳи 30 апрел сурат гирифтааст. Ҳамлагар бо зӯрӣ пулро гирифтааст, аммо гурехтан натавонистааст.

ВУД мегӯяд, бо иттиҳоми ҳамла ба бонки “Эсхата” марди 22-сола, сокини ноҳияи Хуросон боздошт гардид.

Лентаи хабарҳо
0