Бо дастури Озода Раҳмон кормандони ВКД гул шинонданд - акс

Обуна шудан
Ба муносибати таҷлили истиқлоли давлатӣ, роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ (СХДО), шанбегии умумӣ ташкил кардааст

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он дар баробари тозаву озода намудани гирду атроф, нарм намудани зери дарахтон, инчунин дар заминҳои нарм кардашуда, гулҳои раноранг шинонидаанд.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Вазорати корҳои дохилӣ, аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ (СХДО) бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Истиқлолият, санаи 24 августи соли равон дар СХДО ВКД ва ҷузъу томҳои он шанбегии умумӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

© МВД РТСубботник с участием сотрудников противопожарной службы МВД
Бо дастури Озода Раҳмон кормандони ВКД гул шинонданд - акс - Sputnik Тоҷикистон
Субботник с участием сотрудников противопожарной службы МВД

 

Гуфта мешавад, дар шанбегии умумӣ кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он бо ҳиссӣ баланди ватандӯстию сарфарозӣ ширкат кардаанд.

"Бо мақсади боз ҳам тозаву озода ва дилкашу назаррабо намудани гирду атроф ва саҳни биноҳои маъмурӣ, утоқҳои корию маишӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба гурӯҳҳо тақсимшуда, ҳаҷми муайяни корҳои ободонии дар наздашон гузошташударо дастаҷамъона ва бо сатҳу сифати баланд иҷро намуданд", - омадааст дар хабарнома. 

Таджикские милиционеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазифаи нави милисаҳои ВМКБ: рӯзҳои якшанбе ба ҳашар-акс

Тибқи иттилои манбаъ, иштирокчиёни шанбегӣ дар баробари таъмиру тармим ва рангуборкунии биноҳову майдончаҳои варзишӣ, тозаву озода намудани гирду атрофи онҳо, нарм намудани заминҳои зери дарахтон, инчунин дар заминҳои нарм карда шуда, иловатан гулҳои раноранг шинониданд.

Баргузории чунин корҳои ободонӣ дар баробари боз ҳам ҳусни бештар зам намудан ба симои зоҳирии биноҳои СХДО ВКД ва ҷузъу томҳои он ва зеботару назаррабо гардонидани ҳар яки онҳо, инчунин ба вазъи экологии маҳалли ҷойгиршавии онҳо низ таъсири бевоситаи мусбати худро мерасонад, ки он аз манфиат холӣ нест.

© МВД РТСубботник с участием сотрудников противопожарной службы МВД
Бо дастури Озода Раҳмон кормандони ВКД гул шинонданд - акс - Sputnik Тоҷикистон
Субботник с участием сотрудников противопожарной службы МВД

Манбаъ афзуда, ки бо ташаббуси сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода чунин корҳои ободониву сабзу хуррамгардонӣ дар СХДО ВКД ва ҷузъу томҳои он рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0