Маликаи Бритониё Елизавета II аз Трамп шикоят кард

© AFP / CHRIS JACKSONЕлизавета II и Дональд Трамп
Елизавета II и Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маликаи Бритониёи Кабир Елизавета II аз раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп норозигӣ кардааст, ки чаманзори қасрашро хароб кардааст.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Маликаи Бритониё Елизавета II аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шикоят кардааст, ки чамани назди қасрашро хароб кардааст, иттилоъ додааст рӯзномаи Daily Mail.

Маликаи Бритониё Едезаветаи II ва шавҳараш шоҳзода Филипп ҳамроҳи шоҳзодаи Абу-Даби шайх Муҳаммад бин Зайд ал-Нахайян дар Масҷиди шайхи Зейда  - Sputnik Тоҷикистон
Аз маликаи Бритониё то Мишел Обама ва Анҷелина Ҷолӣ бар сари худ ҳиҷоб андохтанд

Борис нахуствазири Бритониё мешавад

Норозигии худро Маликаи Бритониё Елизавета II зимни мулоқот бо нахуствазири Австралия Скотт Моррисон баён намудааст.

Маликаи Бритониё Елизавета нақл кардааст, ки чархболҳои раисҷумҳури Амрико дар чамани назди қасраш фуруд омаданд ва ба ҳамин хотир дар чаманзор пайи чархҳои чархболҳояш боқӣ мондааст.

Дидори шаҳрдор ва сафир: Бритониё дар барномаҳои Душанбе саҳм мегузорад

“Биё ба чамани ман нигоҳ андоз. Чаман хароб шудааст” – таъкид намудааст Маликаи Бритониё Елизавета II.

Ёдрас мешавем, ки сафари расмии раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелания ба Бритониё аз 3 то 5 июн сурат гирифта буд.

Лентаи хабарҳо
0