Бо рӯймол дар пеши сӯзанӣ: Манижа Сангин суруди навашро нашр кард - аксу оҳанг

Манижа Сангин овозхони тоҷики машҳури Русия суруди навашро нашр кард

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Овозхони тоҷики муқими Русия, Манижа Сангин ин бор рӯймол дар сар ва дар пеши сӯзанӣ акс бардошта аз нашри суруди ҷадидаш "Завтрак" (Наҳорӣ) хабар дод.

"Ин суруд дар давоми шаш соат омода шуд", - навиштааст Манижа дар саҳифаи инстаграми худ.

Публикация от MANIZHA (@manizha)

Ин бор Манижа бо рӯймоли сурх дар сар дар назди сӯзанӣ акс бардоштааст. Дар акс дар дасташ ду тухм ва дар паси сараш тоба қарор дорад. Умуман Манижа бо аксҳои ғайриоддии худ миёни ситораҳои инстаграм машҳур аст.

Овозхони тоҷиктабор Манижа ва панҷ нақш дар таблиғи брендҳои ҷаҳонӣ

Суруди нави Манижа ба забони русӣ иҷро шуда дар бораи оғози зиндагии нав қисса мекунад.

Ҳаводорони Манижа суруди нави овозхонро писандидаанд ва ба ӯ офарин хондаанд.

"Олӣ, ту - супер", - навиштааст яке аз ҳаводоронаш дар шарҳи суруд.

Манижа Сангин бо ҳунарнамоияш маскавиҳоро "ба по" хезонд

Ёдрас мешавем, ки Манижа ахиран намоҳанги таронаи "Мама" - "Модар" - ро пешниҳод кард.

Дар намоҳанг аз хонаводае нақл карда мешавад, ки марди оила ҳар шаб ба ҳамсар ва духтараш дармеафтад.

Сарояндаи тоҷик дар Русия: машҳуртарин шахси Петербург ва чеҳраи рӯзнома

Коргардони намоҳанг Ладо Кватания буда, дар навор саҳнаҳои зӯроварӣ дида мешавад ва тамошои он танҳо ба ашхоси аз 18 боло тавсия дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала