Наврасони тоҷик тими Арманистонро шикаст дода, бо ҳамтоёни қазоқ сабқат мекунанд

© сомонаи Федератсияи футболи ТоҷикистонБозии мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбакистон
Бозии мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз пирӯзии тими миллии наврасони кишвар бар дастаи ҳамсолонашон аз Арманистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллӣ, дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон – “U-16” мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистонро дар шаҳри Нурсултон бо ғалаба оғоз кард.

Анушервони Рустам, футболбози наврас, писари Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳангоми зарбазанӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлагару дарвозабон: аксҳо аз голзанию голгардонии набераи Эмомалӣ Раҳмон дар пеши бобо

“Шогирдони сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии аввалашон бар тими наврасони Арманистон -  “U-17” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита тавзеҳ додааст, ки голҳоро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсиддинов ба ҳадаф расонданд. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ беҳтарин бозингари ин дидор дониста шуда, бо мукофоти махсус қадрдонӣ шуд.

Манбаъ афзуд, ки имрӯз – 26 август, дар даври ҷамъбастӣ футболбозони навраси Тоҷикистон бо тими наврасони Қазоқистон – “U-16”, ки дар даври аввал бо Арманистон мусовӣ - 2:2, бозӣ карда буд, вомехӯранд. Тими Тоҷикистон дар сурати мусовӣ ё ғалаба ба финали мусобиқа роҳ меёбад ва бо ғолиби гурӯҳи “А” Қазоқистон -  “U-17” ё Литва – “U-16” бозӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0