Қарори Рустами Эмомалӣ барои баргузории озмуни "Боғи беҳтарин" дар Душанбе

© © Sputnik / Амир ИсаевПарк им Фирдавси
Парк им Фирдавси - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор кардааст, ки дар пойтахт озмуни "Боғи беҳтарин" гузаронида шавад

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Озмуни мазкур бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуда, то 5 сентябр ҷамъбаст мегардад.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Расулзода ва Рустами Эмомалӣ ба бунёдкорони майдончаю боғҳо туҳфаҳо доданд

Озмун бо мақсади иҷрои супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 5 марти соли равон зимни мулоқот бо роҳбарони Душанбе  дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” ва Масҷиди сохташаванда дар кӯчаи Карамови ноҳияи Сино баён гардиданд, роҳандозӣ мегардад, хабар додааст “Ховар” аз қавли шаҳрдорӣ.

Манбаъ афзуд, бо қарори раиси шаҳр, ҳайати Комиссия барои гузаронидани озмуни “Боғи беҳтарин”, Низомнома ва меъёрҳои муайян намудани ғолиби он  тасдиқ  гардидааст.

Бар асосии иттилоияи расмӣ, айни замон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 17 адад боғҳои фарҳангию фароғатӣ, Боғи ҳайвонот ва маркази хизматрасонии “Обшорон” барои баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, маданӣ- маърифатӣ  ва  истироҳати меҳмонону сокинони пойтахт хизмат   мерасонанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки соли равон дар 48 мавзеи алоҳидаи шаҳр боғу гулгаштҳо бунёду навсозӣ гардиданд, ки  онҳо ба макони фароғату истироҳати  сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0