Ситоиши Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкори ҷавон Тоҳир Ҳукуматов

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори Тоҳир Ҳукуматов барои иқдоми шоиста ва пуштибонии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон баҳои арзанда додааст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Имрӯз, дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи "Заводи асфалту бетон"-ро ифтитоҳ карданд.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Заводи асфалту бетон”, ки роҳбариашро соҳибкори ҷавон Тоҳир Ҳукуматов ба уҳда дорад, аз соли 2002 то инҷониб фаъолият карда истодааст.

Президент Таджикистана на открытии нового завода Сиёма в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон корхонаи боҳашамати "Сиёма" -ро ифтитоҳ кард - акс

Шумораи коргарон 300 нафарро ташкил медиҳанд ва баъди васлу насби коргоҳи муосир дар ин ҷо боз 50 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки коргоҳи истеҳсоли асфалт аз давлатҳои Италия ва Туркия ворид карда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як соат 240 тонна ва дар як басти корӣ қариб 2000 тоннаро ташкил медиҳад.

Роҳбарияти корхона ба хотири саҳм гузоштан дар рушду пешрафти пойтахт, ободу зебо кардани кӯчаю хиёбон ва роҳҳои шаҳр ҳамчун иқдоми саховатмандона солҳои 2017 то 2019 дар маҷмӯъ қариб 30 километр роҳҳои шаҳри Душанберо асфалтпӯш кардаанд.

Дар асоси шартнома корхона дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 47 километр роҳро навсозӣ кардааст.

Дар корхонаи асфалтбарорӣ, Раҳмон аз озмоишгоҳи муосир боздид карда, бо шароити кор ва самти фаъолияти он шинос шудааст.

Бояд гуфт, ки чунин озмоишгоҳҳо на дар ҳама корхонаҳои истеҳсолӣ мавҷуд аст ва ҳадафи таъсисашро мутахассисон таъмини сифат, бехатарӣ ва пойдории маҳсулоти корхона арзёбӣ мекунанд.

Заводи асфалтбарорӣ аз лиҳози экологӣ хеле мувофиқ буда, ба ҳамаи меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯ мебошад.

"Баъди ошноӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли асфалту бетон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ Тоҳир Ҳукуматов барои иқдоми шоиста ва пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои арзанда дода, барору комёбӣ орзу намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Заводи асфалту бетон” дар як вақт якчанд намуди маҳсулот, аз қабили асфалти майдадона, асфалти калон, сангрезаи бо қир сиёҳкардашуда ва асфалтобетони сангрезаю мастикии- “ШМА” истеҳсол карда мешавад.

Бо истифода аз имконот дар дохили корхона аз тарафи роҳбарияти он ҳамчунин сехҳои гуногун, устохонаҳо бо таҷҳизоти мухталиф фаъолият доранд.

Лентаи хабарҳо
0