Тилло бисёр мешавад: Падару писар дар Душанбе коргоҳи “Зари тоҷик”-ро ифтитоҳ карданд

© Пресс-служба Президента РТИфтитоҳи коргоҳи “Зари тоҷик” дар Душанбе
Ифтитоҳи коргоҳи “Зари тоҷик” дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Теҳрон 21-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Коргоҳи “Зари тоҷик”-и ҶСК “Равшан”-ро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik.Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар ҳамроҳ бо раиси шаҳр Рустам Эмомалӣ, дар арафаи таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар кӯчаи Теҳрон 21-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Коргоҳи “Зари тоҷик”-и ҶСК “Равшан”-ро ифтитоҳ кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Эмомали Рахмон открыл ЗАО Асфальтобетонный завод в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ситоиши Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкори ҷавон Тоҳир Ҳукуматов

Бино бар иттилои манбаъ, коргоҳи заргарии “Зари тоҷик” дар заминаи ҶСК “Равшан”, ки соли 2012 бо иштироки бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо мақсади коркарди ашёи хоми ватанӣ  ба истифода дода шуда буд, фаъол гардонида шудааст.

Коргоҳи “Зари тоҷик” дар масоҳати 1420 метри мураббаъ сохта шуда, аз се ошёна, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Президенти Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ошёнаи якуми бинои коргоҳи “Зари тоҷик” нахуст аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри заргарон дидан намуданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар коргоҳ, феълан 50 нафар, аз ҷумла 20 нафар занону духтарон ба кори доимӣ  ҷалб гардидаанд ва маоши коргарон вобаста ба сатҳи касбият ва ҳаҷми корашон  аз 1500 то 3000 сомонӣ пардохт карда мешавад.

Коргоҳ аз 5 сех, аз ҷумла механикӣ – барқӣ, рехтагарӣ, зарҳалдиҳӣ, рассомию дизайнерӣ, басту банд ва заргарӣ иборат аст.

Дар коргоҳ асосан истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз тиллою нуқра, латун, сангҳои гуногуни қиматбаҳо, ки аз конҳои кӯҳҳои аз ҷиҳати канданиҳои фоиданок бойи Тоҷикистон дастрас карда мешавад, ба роҳ монда шудааст.

Дар ин ҷо баробари маҳсулоти тайёри ороишӣ барои занону бонувон ҳамчунин дар асоси фармоиши мизоҷон истеҳсоли  ҳайкалчаҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, ашёи рӯзгор ва як қатор маҳсулоти дигари заргарӣ бо истифода аз нақшу нигори хоси миллӣ омода карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол роҳбарияти коргоҳ уҳдадор шуданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо бунёди бинои бисёрошёна дар шафати коргоҳ боз 450 ҷойи нави корӣ муҳайё мекунад.

Президент Таджикистана на открытии нового завода Сиёма в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон корхонаи боҳашамати "Сиёма" -ро ифтитоҳ кард - акс

Инчунин манбаъ қайднамудааст, ки дар Коргоҳи заргарии “Зари тоҷик”  дар як моҳ 3 килограмм тилло ва 5 килограмм нуқра коркард ва аз онҳо маҳсулоти ниҳоии ороишӣ ва дигар ашёи зарурии рӯзгор, аз ҷумла армуғонҳо барои бозори дохилӣ омода мегарданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар маҷмӯъ иқтидори коркарди ин коргоҳи нави саноатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар як сол ба 36 килограмм тилло ва 60 килограмм нуқра баробар аст ва масъулин мегӯянд, ки баробари бо иқтидори пурра ба роҳ мондани фаъолият ин нишондод боз ҳам бештар карда шуда, шумораи ҷойҳои корӣ низ боло бурда хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар шпҳри Душанбе то соли 2021 бо назардошти талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат баробари 3500 иншооти дорои таъйиноти гуногун бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо роҳандозии истеҳсоли молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дар онҳо ба нақша гирифта шудааст, ки дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гардид.

Лентаи хабарҳо
0