Ҳунарпешаи 82-солаи Қазоқистон бо духтари 37 сола хонадор шуд-видео

CC0 / Pixabay / Обручальное кольцо
Обручальное кольцо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Алмато ҳунарманди машҳури Қазоқистон Нургулӣ Нусупҷонов, ки аз ҳамсари нахусташ соҳиби 5 фарзанд аст, дигарбора бо духтари 37 сола хонадор шудаст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ҳунарманди халқии Қазоқистон Нургалӣ Нусипҷонови 82- сола  ахиран ҷашни арӯсияшро қайд намудаст. Ҳамсари ӯ Жадира Сейдеш аз худаш 37 сол майдатар аст.

Дар бораи туйи арӯсии ин ҳунарманди машҳури қазоқ ба Sputnik Қазоқистон, ҳунарманди  хизматнишондодаи ин кишвар Жибек Меруерт Утекешова хабар додаст.

"Бале, Нургалӣ Нусупҷонов ва Жадира Сейдеш  ҷашни арӯсияшонро қайд намуданд. Маросими тӯйи онҳо дирӯз дар Алмато баргузор шуд. Ман ҳам дар қатори дигар меҳмонон даъватӣ будам. Навхонадорон ба маросими хурсандияшон танҳо қаринтарин хешу дӯстонашонро даъват карданд", - изҳор намуд ин ҳунарманди халқӣ.

Гуфта мешавад, Жадира Сейдеш ҳамсари Нусипҷонов 45 сола буда аз шавҳари 82 солааш 37 сол кӯчак аст.

Гости на узбекской свадьбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҷанҷол дар тарабхона ҳангоми тӯйи арӯсӣ - Видео

Маврид ба зикр аст, ки Нургалӣ Нусипҷонов 5 январи соли 1937 дар деҳаи Доланали вилояти Талдикорганский дар оилаи подабон таваллуд шудаст.

Нусипҷонов аз ҳамсари аввалаш Айгул Нусипҷонова соҳиби 5 фарзанд аст.

Ҳамсари тозаинтихобаш рӯзноманигор буда, дар шабакаи телевизионии КТК муаллифи барномаи "Журек Жарди" мебошад. Соли 2014 Нургалӣ Нусупҷонов ба ҳайси қаҳрамони барномааш баромад карда буд.

Лентаи хабарҳо
0