"Тоҷик-Эйр" сар аз 2 сентябр парвозҳо самти Маскавро аз сар мегирад

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии " Тоҷик Эйр"Самолет авиакомпании "Таджик Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҳавонавардии "Тоҷик- Эйр" пас аз 8 моҳи таваққуф дигарбора парвозҳояшро самти Маскав барқарор мекунад

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Интизор меравад, нахустин парвози ҳавопаймои "Тоҷик- Эйр" самти Маскав аз 2 сентябри соли равон оғоз гардад, хабар медиҳад сомонаи Фараж.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Тоҷик эйр” парвозҳояшро ба Эрон барқарор кард

Бар хабари манбаъ, феълан чиптаҳо тариқи ин хатсайр дар тамоми  нуқтаҳои билетфурӯшӣ ба роҳ монда шудааст.

Ширкати “Tajik Air” тасмим гирифтааст парвозҳояшро дар аввали моҳи август оғоз намояд

Маврид ба зикр аст, ки парвозҳо дар ин хатсайрро Ҳавопаймои Boeng 767- 300  анҷом медиҳад ва арзиши чипта аз тараф ба 2844 сомонӣ баробар аст.

Зимнан бояд зикр намуд, ки аз ин қабл ширкати мазкур парвозҳоро самти Душанбе- Машҳад - Душанбе низ барқарор намуда буд.

Ҳамчунин ширкат дар мавсими "Ҳаҷ-2ғ19" парвоз дар масири Душанбе-Ҷидда- Душанбе ва Хуҷанд- Ҷидда - Душанбе анҷом дода буд.

Хайрулло Раҳимов, роҳбари пешини ширкати “Тоҷик Эйр” боздошт шуд

Маврид ба зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бинобар мушкилоти молӣ аз 4-уми январи соли равон парвозҳои худро ба шаҳрҳои Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар ба мӯҳлати номуайян қатъ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0