Додгоҳи Чеченистон модари тоҷикистониро барои гадоии фарзандонаш маҳкум кард

Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Ачхой-Мартанови Чеченистон Сурайё Мамаёрова, шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси моддаи 151-и Кодекси ҷиноии Русия - барои ҷалби ноболиғон ба талабандагӣ маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Чеченистон, мурофиаи ин шаҳрванди Тоҷикистон бо иштироки додситони Ачхой-Мартанов, Руслан Хапаев баргузор шуда, додрас низ модари тоҷикистониро дар водор кардани фарзандонаш ба гадоӣ гунаҳкор донистааст.

Талбандагӣ мояи даромад нест: ошкорсозии як ҳолати нангин бо истифода аз мӯсафеди солхӯрда  - Sputnik Тоҷикистон
Бизнеси нангини се ҷавон дар Душанбе: талбандагӣ ба воситаи марди солхӯрдаву ночор

Дар мурофиа муайян шудааст, ки Мамаёрова ягон ҷой кор кор намекунад ва талошеро ҳам барои машғул шудан ба кор надорад.

Ба иттилои расонаҳои Чеченистон ин модари фарзандони ноболиғ қаблан низ барои иҷро накардани  масъулияташ дар тарбияю таъмини фарзандон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

Додситон модарро дар он муттаҳам кардааст, ки моҳи январи соли 2019 духтарони ноболиғашро ба машғул шудан ба гадоӣ водор намудааст.

Додгоҳ бо ҷонибдорӣ аз мавқеи додситон муттаҳамро гунаҳкор дониста, шартан ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум кардааст. Ба иттилои расонаҳои Чеченистон, ин қарори додгоҳ аллакай ҳукми қонунӣ гирифт.

Лентаи хабарҳо
0