Дар Душанбе масъалаҳои фаъолияти Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

© МИД РТСироҷиддин Муҳриддин Раис ва Мудири кулли Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай
Сироҷиддин Муҳриддин Раис ва Мудири кулли Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай - Sputnik Тоҷикистон
Раис ва Мудири кулли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай барои ҳалли масоили фаъолияти Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 27 август дар Душанбе Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Раис ва Мудири кулли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфт.

Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи вазир дар бораи сабти ном нашудани рӯзноманигорони радиои "Озодӣ"

Тавре вазорати умури хориҷа хабар додааст, зимни мулоқот масъалаҳои фаъолияти Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардида, роҷеъ ба нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа ва тадбирҳое, ки дар мамлакат бобати фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти расонаҳо андешида мешаванд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

“Вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни таъкид бар зарурати риояи озодии сухан ва матбуот ба масъулияти расонаҳо дар ҳифзи сулҳу оромӣ дар ҷомеа ишора намуд”,- таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Вазорати корҳои хориҷӣ Барот Юсуфӣ рӯзноманигори Родио Озодиро рӯзи 26-уми июн аз ҳаққи кор маҳрум кард. Дар ин рӯз намояндагони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба вазорат даъват шуданд ва ба онҳо гуфтанд, ки иҷозатномаи кории Барот Юсуфӣ муваққатан боздошта шудааст, "зеро ӯ чанд дафъа дар гузоришҳояш Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро зикр кардааст." Чаҳор журналисти дигари Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон низ интизори тамдиди иҷозаи кор ҳастанд.

Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон нисбати Радиои Озодӣ

Ҷоанна Левисон, раиси бахши робитаҳои Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ пас аз гирифтани иҷозатномаи кори хабарнигори Родио Озодӣ гуфта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон аккредитатсияро барои муҷозоти Радио барои гузоришҳои мустақил ва касбиаш истифода мекунад

Вай афзуд, "ба ҷойи пуштибонӣ аз матбуот, ки як ӯҳдадории байналмилалии ҳукумат аст, аккредитатсияро барои маҳдуд кардани кори матбуот истифода мекунанд. Мо аз ҳукумат тақозо мекунем, ки билофосила аккредитатсияи хабарнигоронро тамдид кунанд”

Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 2016 Вазорати умури хориҷаи Точикистон дар як рӯз иҷозатномаи кори 6 хабарнигори Радиои Озодиро барои гузориш додан дар бораи духтари президенти Тоҷикистон бекор карда буд, аммо пас аз фишори ҷомеаи байнулмилалӣ маҷбур гашта иҷозатномаи кори онҳоро дубора барқарор намояд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала